Партоби мушакҳо ба фазои ноҳияи Балхӣ барои наҷоти ҳосил

Сильный град, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кормандони Хадамоти жола бо мақсади ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба фазо мушакҳои зидди жоларо партоб намуданд
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон зироати кишоварзӣ аз нобудшавӣ эмин монд. Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, кормандони Хадамоти жола ба мақсади ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ ба фазои ноҳияи мазкур мушакҳои зидди жоларо партоб намуданд.
Ҳамин тариқ бо андешидани чораҳои пешгирӣ аз нобудшавии зироатҳои кишоварзӣ абрҳои фазои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пароканда шуданд ва аз боридани жола пешгирӣ шуд.
Гузашта аз ин КҲФ аз масдуд будани роҳи мошингарди Ваҳдат - Рашт - Лахш хабар дод. Манбаъ меафзояд, субҳи барқавти рӯзи 21 апрел масири мазкур дар минтақаи Ҳамаланго бинобар боришоти шадид ва фаромадани сели азим масдуд шуд.
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Ҳушдори КҲФ аз боронҳои пуршиддату омадани сел дар баъзе минотиқи Тоҷикистон
Аз ҷумла дар километрҳои 94-96 сангу шағал ва лойқа ҳаракати мошинҳоро номумкин кард. Дар ҳамин ҳол барои бартараф кардани ин офат техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ва имдодгарони КҲФ ҷалб шуданд.
"Соати 07:30 дақиқа роҳ пурра аз селовардҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт ба ду самт таъмин гардид", - омадааст дар хабари манбаъ.
Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз боронгариҳои шадид ва фаромадани селу сангрезӣ ҳушдор дода буд.
КҲФ хабар дода буд, ки дар қаламрави ноҳияҳои тобеи марказ, навоҳии наздикӯҳии вилояти Хатлон ва як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ боронҳои пуршидат, раъду барқ ва жола дар назар аст.
Манбаъ аз сокинон хоҳиш кардааст, дар чунин рӯзҳои сербориш аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтан ба кӯҳҳо, занбӯруғчинӣ, ҷамъоварии алафҳои дорувор, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0