Бо розигии Озода Раҳмон ҷавонони Суғду Хатлону Бадахшон меҳмони хонаи ҳам мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские ребята в национальной одежде, архивное фото
Таджикские ребята в национальной одежде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нақшаи ташкили меҳмонии ҷавонон ба хонаи ҳамдигарро Кумитаи кор бо ҷавонон бар асоси розигии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон таҳия кардааст
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Аввалин меҳмонии муташаккили ҷавонони навоҳии гуногуни Тоҷикистон ба хонаи ҳамдигар то 24 апрел давом хоҳад дошт, хабар дод "Ховар" аз қавли Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҶТ.
Манбаъ мегӯяд, дар доираи ин чорабинӣ, ки таҳти унвони "Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир" баргузор мешавад, нахуст беш аз 100 ҷавони фаъоли тоҷик аз Дарвоз, Восеъ ва Кӯлоб боздид мекунанд.
Ба иттилои хабаргузории "Ховар", ин иқдом аз сӯйи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ бар асоси розигии Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Тавсифи генерал Назарзода аз ҷавонони Бадахшон: Дорои сармояи бузурги зеҳниянд
"Зимни боздид ҷавонон бо маконҳои диданибоб ва ёдгориҳои таърихии минтақа шинос гардида, бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо расму русуми меҳмоннавозии минтақаҳо иштирокчиён дар хонаҳои истиқоматии ҷавонони ин ноҳияҳо ҷойгир карда мешаванд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Таъкид шудаст, ки аз ҷумла 50 нафар ҷавони фаъоли вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз сӯйи Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба меҳмонии ҳамсолонашон ба Хатлон аллакай фиристода шудаанд.
Ҳукумати шаҳри Хоруғ низ аллакай 50 ҷавони фаъоли ВМКБ-ро ба меҳмонии ҳамсолонашон дар навоҳии дигар сафарбар кардааст.
Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмуъ, бар асоси нақша, 9 мавриди меҳмонии ҷавонон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0