Сӯхтор дар пажуҳишгоҳи Вазорати дифоъ дар Твер қурбонӣ дар пай дошт

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузаштан ба хазинаи аксПожар на территории Северной ТЭЦ в Мытищах
Пожар на территории Северной ТЭЦ в Мытищах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бинои Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Вазорати дифои Русия оташ гирифт. Дар ин ҳодисаи нохуш як тан ҷон бохту беш аз 30 кас захмӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар бинои Пажуҳишгоҳи марказии тадқиқотии Вазорати дифои Русия дар Твер сӯхтори шадид рух дод, хабар медиҳад Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ дар вилояти Твер.
Ин ҳодиса қурбонӣ низ дар пай доштааст, маълумот дар бораи онҳо мушаххас карда мешавад. Наҷотдиҳандагон дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Тибқи маълумоти пешакии табибон, теъдоди зихмиён ба 20 нафар расида, як нафар фавтидааст.
Кормандони муассисаи илмӣ, тақрибан 35 нафар ба ҷои амн кӯчонида шуданд. Масоҳати сӯхтор 1 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Сӯхтор дар ошёнаи дуюми бинои марказӣ рух додааст.
Сӯхтор аз тирезаҳои ошёнаҳои дуюм ва сеюм намоён аст.
Бинои пажуҳишгоҳ аз кормандон тахлия шудааст.
Тибқи иттилои пешакӣ, ҳудуди 30 нафар ба ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд.
Маълум аст, ки маркази илмӣ назарияи яроқи мудофиаи ҳавоӣ ва мудофиаи зиддикайҳониро коркард мекунад.
Лентаи хабарҳо
0