Талабот ба муҳоҷирон дар минтақаи Амур тағйир наёфтааст

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксСтроители дорожной развязки
Строители дорожной развязки  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини раиси ҳукумати ин минтақа гуфт, соҳаи сохтмон дар ин гӯша аз хоки Русия босуръат дар ҳоли тавсеа аст ва чунин як раванд ба нерӯи кории бештар ниёз дорад
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Лоиҳаҳои сохтмонӣ дар минтақаи Амур ҳамчунон ба қувваи кории хориҷӣ вобастаанд.
Дар ин бора муовини нахуствазири минтақа Павел Матюхин зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.

"Давоми панҷ соли оянда мо то ҳол аз ин ё он ҷиҳат аз қувваи кории хориҷӣ вобаста хоҳем буд, аммо кӯшиш мекунем, ки зарфиятҳои худро дар минтақа эҷод кунем", - гуфт сиёсатмадор.

Ба гуфтаи ӯ, дар тарҳҳои сохтмонии минтақаӣ муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Беларус кор мекунанд.
Илова бар ин мақомоти вилоят интизор доранд, ки коргарони чинӣ ба ин рӯйхат ворид мешаванд.
Инчунин барои бахши бинокории Амур омода кардани кадрҳои ихтисосманд пешбинӣ шудааст.
Матюхин ба мактаббачагон ва донишҷӯёни маҳаллӣ муроҷиат карда хоҳиш намудааст, ки ҳангоми интихоби касб ба соҳаи сохтмонҳо диққат диҳанд.

"Шумораи иншооти иҷтимоии сохташаванда хеле афзуд, таъмир, роҳсозӣ — дар ҳама соҳаҳо сохтмони мо бамаротиб афзоиш ёфт", - қайд кард муовини раиси ҳукумат.

Вай таъкид кард, ки минтақа дар ҳоли рушд ва омодагӣ ба он аст, ки дар солҳои наздик ба истифодаи нерӯи кории хориҷӣ ниёз пайдо накунад.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия маълумотеро нашр карда буд, ки аз он бармеояд, ҷараёни муҳоҷират дар Русия ба нишондодҳои пеш аз пандемия дар соли 2019 баргаштааст.
Мигранты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба сатҳи то пандемия баргашт
Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 2,5 баробар бештар шаҳрвандони хориҷӣ дар феҳристи ниҳодҳои муҳоҷиратӣ сабти ном шудаанд.
Дар 2 моҳи соли гузашта ин рақам 657 ҳазор нафар ва дар ҳамин давраи соли ҷорӣ 1 миллиону 600 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳад вазорат.
Шумораи патентҳои меҳнатии додашуда афзоиш ёфта, ба 271,6 ҳазор расидааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли 2021 ба 112,3 ҳазор баробар буд.
Лентаи хабарҳо
0