Баргузории Рӯзи Саъдии Шерозӣ дар Душанбе

© Sputnik Посол Ирана и ректор Таджикский национальный университет
Посол Ирана и ректор Таджикский национальный университет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба муносибати бузургдошти Саъдии Шерозӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳузури сафири Эрон, донишмандон ва аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ нишасте баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Саъдӣ як ҳамоиш барпо гардид, ки дар он сафири Эрон дар Тоҷикистон, донишмандони зиёд ва аҳли зиё ҳузур доштанд.
Ба иттилои хабаргузории "Форс", дар оғози ҷаласа ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон бо каломи ширини Саъдии бузургвор аз хурдсолӣ ошноӣ пайдо мекунанд.
Хушвақтзода Саъдиро шоир ва нависандаи дорои мақоми баланди истисноӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хонда гуфт, "бо гузашти қарнҳо аз ҷойгоҳи ӯ на танҳо чизе накоста, балки афзудааст".
Рӯзи "Шайхи аҷал": сафири Эрон тоҷикистониёнро шодбош гуфт
Зимнан, сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ низ ҷамъомадагонро бо Рӯзи Саъдии Шерозӣ таҳният гуфта, изҳор дошт, ки "накӯдошти шоистаи бузургмардони арсаи илму маориф ифтихори бас бузург барои эрониёну тоҷикон ва ҳамаи дӯстдорони маърифату адаб дар тамомии асрҳову дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мебошад".
Сафири Эрон Шайх Муслиҳиддин Саъдиро яке аз суханварони тарози аввали шеъру адаби порсӣ гуфт, ки дар байни мардумони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон маҳбубияти зиёде дорад.

"Қариб 800 сол аст, ки "шуҳрати суханаш" ба атрофу акнофи олам меравад ва "зикри ҷамилаш" дар ҳар анҷумане садо медиҳад ва то ҷаҳон боқӣ аст, дурдонаҳои пандогини назму насраш зинатбахши рӯзгори банӣ башар аст", - афзуд ҷаноби Собирӣ.

Дар идома сафири Эрон зикр намуд, ки номи Саъдӣ ва осори гаронбаҳояш дерзамоне аст, ки ҳофизаи таърихии ҷаҳонро музайян сохта ва ин ифтихори сутург аст, ки то имрӯз ва ҳамеша таърих мояи фахри ҳамаи мо, порсизабонон аст.
Лентаи хабарҳо
0