Толибҳо "TikTok"-ро мамнуъ карданд

© AFP 2022 / Mohd RasfanЧлены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле
Члены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Толибҳо мегӯянд, фаъолияти шабакаю саҳифаҳое, ки муҳтавои ғайриахлоқӣ доранд, бояд дар қаламрави ба ном Иморати Исломии Афғонистон мамнуъ шавад
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Толибҳо бозии PUBG ва шабакаи иҷтимоии "TikTok"-ро мамнуъ карданд, хабар дод Инъомуллоҳ Самангонӣ, ноиби сухангӯи ҳукумати нав дар Афғонистон.
Ба иттилои Самангонӣ, ҳукумат ба Вазорати алоқаи Афғонистон дастур додаст, ки барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти ин шабакаҳо иқдом намояд.
Таъкид шудааст, ки шабакаи иҷтимоӣ ва бозии зикршуда барои тарбияи насли наврас халал ворид мекунад. Дар баробари ин дастур дода шудааст, шабакаю барномаҳое, ки муҳтавои ғайриахлоқӣ доранд, мамнуъ карда шаванд.
Ин дар ҳолест, ки толибҳо қаблан низ дар минтақаҳои Афғонистон бархе қоидаҳоро роҳандозӣ карда буданд. Аз ҷумла дар вилояти Каписо дастур дода шуд, ки барои занон ороиши мӯйи сар бо шеваҳои "амрикоӣ" ва "фаронсавӣ" мамнуъ гардад.
Представители политического совета движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Дастури роҳбари толибҳо барои роҳ надодан ба табъизи қавмӣ, забонӣ ва мазҳабӣ
Доштани телефон бо дастгоҳи наворбардорӣ барои бонувон манъ шуда, сабти фаҳш дар телефон барои ҳеҷ кас иҷозат нест.
Имомони масҷид муваззаф гардидаанд, ки моҳияти фармудаҳои Қуръону суннатро дар мавриди ҳиҷобу ҷиҳод ба мардум расонанд ва афродеро, ки намоз намехонанд, бояд рӯйхат кунанд.
Инчунин риштарошии мардон, додани туҳфа дар ҷашнҳо, аз қабили тӯй, Соли Нав ва Иди Қурбон низ мамнуъ гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумат дар Афғонистонро толибҳо нимаи моҳи августи соли гузашта ба даст оварданд. Ғасби ҳукумат дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар сурат гирифта, толибҳо аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз толибҳо барои эътирофи ҳукуматашон талаб дорад, ки ҳуқуқу озодии инсонро рияо кунанд, ҳукумати ҳамашумул ташкил намоянд, барои занон имкони кору таҳсил фароҳам оранд.
Лентаи хабарҳо
0