Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Осиёи Марказӣ таҳдидҳои минтақаиро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / Виктор ТолочкоФлаги стран участниц СНГ
Флаги стран участниц СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Вазирони хориҷаи Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дурнамои тавсеаи формати "шашгона"-ро дар нишасти ойнланӣ баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ рӯзи 22 апрел баргузор мешавад, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Русия.
Ин дафъа ҷаласаи панҷуми вазири корҳои хориҷии "Осиёи Марказӣ + Русия" тавассути видеоконфронс баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар он вазири хориҷаи Русия, раҳбарони вазоратҳои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард.
Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки вазирон масъалаҳои ҳифзи субот дар минтақа ва мубориза бо таҳдидҳои терроризму ифротгароиро баррасӣ хоҳанд кард.
"Дар бораи вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои ҳамсоя табодули афкор сурат хоҳад гирифт", - афзуд манбаъ.
Ғайр аз ин дар рафти конфронс таваҷҷуҳи вижае ба чашмандози густариши бахше аз қолаби "шашгона" хоҳад шуд.
Онҳо дар заминаҳои алоқаи мутақобила суҳбат хоҳанд кард. Ин шомили ҳамлу нақл, энергетика, беҳбуди вазъи санитарию эпидемӣ ва соҳаи амнияти миллӣ хоҳад буд.
Флаги и эмблема Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Омодагии ВУХ барои баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ дар Душанбе
Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки нимаи моҳи май вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои баррасии мавзуъҳои минтақаӣ ва авзоъ дар Украина вориди Тоҷикистон мешаванд.
Қарор аст, ин нишаст рӯзи 13 май дар Душанбе баргузор шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ аз рӯи анъана соле ду бор баргузор мешаванд.
Ҷаласаи навбатӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва тирамоҳӣ дар Нурсултон 13 октябр баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0