Вазорати дифои Ӯзбекистон ба сарусадоҳо дар бораи Афғонистон посух дод

© Sputnik / Павел ЛисицынГенеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге.
Генеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ниҳоди низомии Ӯзбекистон бори дигар машқҳои дохилии давлатро дар пасманзари иғвогарии ҳамсояи шимолӣ шарҳ дод ва интиқоли нерӯ ба ин минтақаро рад кард
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ӯзбекистон ба як сабти видеоӣ дар бораи интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба марз бо Афғонистон вокуниш нишон дод.
Як рӯз пеш дар интернет видеое пайдо шуд, ки дар он қатораҳо бо мошинҳои номаълум ҳаракат мекунанд.
Корбарон пешгӯӣ кардаанд, ки онҳо ба ҷануби ин кишвар мераванд. Аммо Вазорати дифоъи ин ҷумҳурӣ дар канали "Telegram"-и худ ин фарзияҳоро рад мекунад ва мегӯяд, ки ин як тартиби тарҳрезишуда аст.

"Тибқи ҷадвали қаблан тасдиқшуда, дар корхонаҳо таъмири нақшавии техникаи низомӣ идома дорад. Ин раванд дар видеҳои паҳншуда сабт шудааст", - омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи Вазорати дифои ин китшвар, навор лаҳзаи бозгашти нақлиёт пас аз таъмирро нишон медиҳад.
Қаблан як қатор шабакаҳои "Telegram" ва шабакаҳои иҷтимоӣ видеоеро нашр карданд, ки дар он ҷангҷӯён дар Афғонистон ба сӯйи нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон, дар наздикии шаҳри Тирмиз мушак партоб мекунанд.
Талибы на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Инфиҷор дар як вилояти Афғонистон, ки ҳаммарзи Тоҷикистон аст
Дере нагузашта котиби матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон Шерзод Асадов гуфт, ки ин хабар комилан нодуруст аст.
Баъд намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати нави Афғонистон Абдулқаҳор Балхӣ низ ин наворро рад карда ва онро сарусадо хонд.
Лентаи хабарҳо
0