Вазорати мудофиа нақшаи 20 рӯзи сарбозгириро эълон кард: кӣ тамом карду кӣ монд?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВоенный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Барномаи даъвати наваскарон ба сафи артиши Тоҷикистон ҳудуди 50 дарсад иҷро гардидааст, аммо ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи қаблии сарбозгирӣ камтар аст
ДУШАНБЕ, 21 апр - Sputnik. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз ҷамъбасти 20 рӯзи нақшаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ хабар дод.
Ба иттилои котиботи Вазорати мудофиа, дар 20 рӯзе, ки маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ҷараён дорад, иҷрои нақшаи он дар мамлакат 50 фоизро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, вазорат дар ҳамин давраи қаблии даъвати наваскарон аз иҷроиши 80-дарсадии нақша хабар дода буд.
Гуфта мешавад, ВМКБ давоми чор соли охир миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон нақшаро дар қаламрави вилоят 100 фоиз иҷро менамояд.
Чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе давоми 20 рӯзи маъракаи сарбозгирӣ нақшаро 60 фисад иҷро кардаанд.
Шералӣ Мирзо вазири дифои Тоҷикистон аз омодабошии ҷангӣ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳисобот медиҳад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Кор бо мардум, бе фасод: дастури Шералӣ Мирзо барои ислоҳи камбудиҳо дар даъвати баҳорӣ
Зимнан нақшаи даъватро ноҳияҳои тобеи марказ 60 дарсад ва вилояти Хатлон 50 фисад иҷро намуданд.
Даъвати наваскарон аз ҳама суст дар Суғд ҷараён дорад. Вилоят тайи се ҳафта 40 фисади нақшаро иҷро кардааст.
Ёдовар мешавем, ки аз якуми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, он ду моҳ идома мекунад.
Дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 барои хидмат ба сафи артиш ҷалб хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0