Афзоиши ҷонибдории аҳолии Русия аз кори Путин

© Sputnik / Ramil Sitdikov / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин выступает на митинге-концерте в "Лужниках", посвященном воссоединению Крыма с Россией
Президент РФ Владимир Путин выступает на митинге-концерте в Лужниках, посвященном воссоединению Крыма с Россией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дастгирӣ ва эътимод ба раисҷумҳури Русия аз ҷониби шаҳрвандони ин кишвар босуръат боло рафта, тайи ҳафтаи охир аз ҳадди 80-дарсадӣ гузаштааст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Кори президенти Русия Владимир Путинро 81%-и аҳолии кишвар мусбат арзёбӣ мекунанд.
Чунин натиҷаро Бунёди "Афкори умум" дар пайи назарпурсии омма нашр намудааст.
Бар асоси натиҷаи ин назарпурсӣ, теъдоди бештари шаҳрвандон ба Путин бовар кардаанд. Тайи ҳафта нишондоди боварӣ аз 76 ба 79% расидааст.
Шумораи онҳое, ки ба раисҷумҳури Русия бовар надоранд, ҳамагӣ 12%-и пурсидашудаҳоро ташкил медиҳад ва 9% натавонистаанд ба ин суол посух диҳанд.
Қаблан Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори омма чунин як пажуҳиши дигарро гузаронда буд. Натиҷаҳо нишон додаанд, ки ҷонибдорӣ аз кори Путин тайи нимаи аввали моҳи апрел афзоиш ёфта, ҳудуди 80%-ро ташкил додаанд.
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Путин бо Шӯрои амният ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсудро баррасӣ мекунад
Муайян шудааст, ки аз кори президент 76%-и шаҳрвандон ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳудуди 42%-и пурсидашудаҳо бар инанд, ки ҳадафи амалиёти низомии роҳандозишуда "ҳимояти Русия, халъи силоҳ кардани Украина ва роҳ надодан ба ҷойгиршавии пойгоҳҳои НАТО дар қаламраваш мебошад".
Ҳудуди 21% гуфтаанд, ки ҳадаф тағйир додани самти сиёсат дар Украина, нозизудоӣ мебошад. Теъдоди онҳое, ки ҳадафро ҳимояи Донбасс хондаанд, 18% ва онҳое, ки муътақиданд, Русия мехоҳад, Украинаро ғасб намоянду ба қаламраваш пайвандад 4% гуфта шудааст.
Дар оғози апрел устоди Пажуҳишгоҳи менеҷменти коммуникатсионӣ Марат Баширов далели афзоиши ҷонибдорӣ аз Путинро тавзеҳ дода буд. Ӯ гуфт, русиягиҳо ҳадафи амалиёти низомиро дарк мекунанд ва ҳар қадаре иттилоъ дар бораи амали воҳидҳои миллатгарои украинӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар ҷонибдорӣ аз Путин афзоиш меёбад.
Лентаи хабарҳо
0