Алиев Арманистонро таҳдид кард

© Пресс-служба президента Азербайджана / Гузариш ба медиабонкПрезидент Азербайджана Ильхам Алиев. Архивное фото
Президент Азербайджана Ильхам Алиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Озарбойҷон зимни суханронии худ дар Шуша чанд изҳороти муҳим ироа кард. Ӯ аз ҷумла аз кишвари ҳамсояи худ чанд чизро тақозо кард
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Озарбойҷон дар сурати имзо накардани созишномаи сулҳ бар асоси принсипҳои пешниҳодкардаи Боку аз эътирофи тамомияти арзии Арманистон даст хоҳад кашид.
Дар ин бора раисҷумҳур Илҳом Алиев зимни Анҷумани V озарбойҷониҳои ҷаҳон дар шаҳри Шуша изҳори мавқеъ кард.

"Мо ният дорем, ки бо Арманистон танҳо дар асоси панҷ принсипи аслии пешниҳодкардаи мо дар бораи созиши сулҳ музокира кунем", - таъкид кард раисиҷумҳури Озарбойҷон.

Вай қайд кард, ки ҷонибҳо набояд мулоқотро зиёд ба таъхир андозанд ва матни санад дар ояндаи наздик омода хоҳад шуд.
Ба эътиқоди Алиев, ба ҳамин тариқ метавон муносибатҳои байни кишварҳо, аз ҷумла муносибатҳои дипломатиро барқарор кард.
Марз тақсим мешавад: мулоқоти Путин бо Алиев ва Пашинян бо чӣ анҷом ёфт - видео
Ба гуфтаи вай, давлати ҳамсоя бояд тамомияти арзии Озарбойҷон ва мавҷуд набудани даъвои ҳудудии ин кишварро расман эътироф кунад.
Ёдовар мешавем, ки Шуша соли 2020 таҳти назорати Озарбойҷон қарор гирифт. Ин аввалин анҷумани намояндагони диаспора пас аз тезутунд шудани вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ мебошад.

Низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ

Амалҳои мусаллаҳона дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз соли 1987 ба ин сӯ ба таври мунтаззам авҷ мегиранд. Ин як муноқишаи этникӣ-сиёсии байни озарбойҷониҳо ва арманиҳост.
Қазия бори охир 27 сентябри соли 2020 тезутунд шуд. Ҳанӯз маълум нест, ки кадом кишвар амалиёти ҷангиро аввал оғоз кардааст, дар ҳоле ки Арманистон ва Озарбойҷон дар мавриди тирандозӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Муноқиша беш аз як моҳ идома кард ва бо дахолати президенти Русия Владимир Путин қатъ шуд. Тадбири асосие, ки ба оташбас нигаронида шуда буд, имзои созишномае буд, ки баргардонидани қаламравҳои ишғолии Арманистон ба Озарбойҷонро пешбинӣ мекунад.
Нерӯҳои Русия замини ҶМЛ-ро аз минаҳо пок мекунанд
Ин санад шаби 9 ба 10 ноябри ҳамон сол ба имзо расид.
Аз ҳамон замон cap карда, амалиёти ҷангӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ қатъ шуд. Шартҳои риояи созишномаҳоро нерӯҳои посдори сулҳи Русия назорат мекунанд.
Онҳо инчунин ба гурезагон, дар поксозии минаҳо ва барқарорсозии инфрасохтори шаҳрҳои маҳаллӣ кумак карданд.
Лентаи хабарҳо
0