Байден баъди мушкилӣ дар талаффузи насаби сенатор барои худ лақаб пешниҳод кард

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксЗаявление Джо Байдена по ситуации на Украине
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико натавонист, номи яке аз сенаторҳоро талаффуз кунад ва пешниҳод кард, ки ба иваз насаби худашро ҳам нодуруст садо кунанд
ДУШАНБЕ, 22 апр – Sputnik. Ҷо Байден, президенти ИМА зимни суханронияш дар иёлати Орегон аз уҳдаи талаффузи ному насаби яке аз сенаторҳои маҳаллӣ набаромад.
Ӯ вақте хост, номи Эрл Блюменауэрро зикр кунад, дар талаффузи насаб дучори мушкил шуд.
Президенти ИМА зимни шарҳи рушди инфрасохторӣ дар Орегон хост, ба сенаторҳои маҳаллӣ миннатдорӣ кунад.
"Ташаккур ба Рон Уайден, Ҷеф Меркли ва Эрл Бам... ба Эрл. Узр. Ман медонам. Метавонед маро Биден ном баред. Ҷо Биден", - шӯхӣ кард ӯ дар посух ба ҳозирине, ки тарзи дурусти насаби сенаторро ба ӯ гуфтанд.
Ин нахустин ҳолати ногуворе нест, ки президенти 79-солаи ИМА дучори он мешавад. Ахиран Байден пас аз як суханронӣ дар иёлати Каролинаи Шимолӣ бори дигар дар вазъияти ногувор қарор гирифт ва дасти худро барои дастфишорӣ ба сӯйи курсии холӣ дароз кард.
Қаблан Байден ноиби раисҷумҳури худ Камала Ҳаррисро президенти Иёлоти Муттаҳида номид, ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо ба Питтсбург пешпо хӯрд ва инчунин тасодуфан ду давлат - Сурия ва Либияро ба ҳам омехта кард.
Президент США Дональд Трамп  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Трамп гуфт, ки ИМА дар хатар аст
Моҳи ноябри соли 2021 Байден аз муоинаи тиббӣ гузашта буд, ки нишон дод, саломатиаш барои иҷрои вазифаҳои худ ба ҳайси сарвари давлат монеа эҷод намекунад.
Илова бар ин духтури собиқи Кохи сафед, узви палатаи намояндагон Ронни Ҷексоy ба рафтори на он қадар мувофиқи роҳбари ИМА дар назди ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир кард. Вай гуфта буд, ки вазъи равонии сарвари кунунии Иёлоти Муттаҳида метавонад ба як "масъалаи амнияти миллӣ" табдил ёбад.
Лентаи хабарҳо
0