Кремл изҳороти Ҷопон дар мавриди ҷазираҳои Курилро номақбул хонд

© Sputnik / Алексей МайшевМосковский Кремль.
Московский Кремль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндаи Кремл ба иддаои ҷониби Ҷопон дар барои он ки Русия "ғайриқонунӣ ҷазираҳояшро ишғол кардааст", вокуниш нишон дод
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҳамаи 4 ҷазираи Курил қисми ҷудонашавандаи Русия мебошанд, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури ФР.
Песков ин нуқтаро зимни шарҳи иддаои ҷониби Ҷопон дар мавриди ишғоли ғайриқонунии ҷазираҳояш аз сӯйи Русия баён дошт.
Маврид ба зикр аст, ки ҷазираҳои Кунашир, Шикотан, Итуруп ва Хабомаи дар гузориши ҳарсолаи Ҷопон зери унвони "Китоби кабуди дипломатия" ҳамчун "ғайриқонунӣ ғасбшуда" аз ҷониби Русия зикр мегарданд.
Дар вокуниш ба ин Песков изҳор дошт, ки Ҷопон барои Русия кишвари ғайридӯст шуд, бинобар ин идомаи музокирот бо он мушкил хоҳад буд.
Танкер-газовоз Гранд Анива, для перевозки сахалинского сжиженного природного газа (СПГ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Ҷопон ба пардохти эҳтимолии гази Русия бо рубл вокуниш нишон дод
Чунин таснифот дар мавриди ҷазираҳои Курил дар "Китоби кабуд"-и Ҷопон бори аввал соли 2003 пайдо шуд. Ин кишвар иддао дорад, ки ҷазираҳо таърихан қаламрави Ҷопон мебошанд.
Таснифот дар мавриди ин ҷазираҳо вобаста ба сатҳи муносибот миёни Ҷопону Русия тағйир меёбанд. Аз ҷумла соли 2018 муайян шуда буд, ки ин қаламрав ба Ҷопон тааллуқ дорад, аммо соли 2019-ум он ба ин иттилоъ, ки кор сари ҳалли масъалаи баҳсӣ идома дорад, иваз шуд.
Вазорати умури хориҷии Русия ахиран гуфт, Маскав ба далели таҳримҳои ҷорикардаи Ҷопон алайҳи Русия аз музокирот бо ин кишвар худдорӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0