Лавров гуфт, вазъи Афғонистон ба минтақа таъсир дорад

© AFP 2022 / Mohd RasfanЧлены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле
Члены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури хориҷии Русия дар мулоқот бо ҳамтои қазоқистонияш аз вазъият дар Афғонистон гуфта, онро таҳдид барои тамоми минтақа хонд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон мураккаб боқӣ мемонад, изҳор дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.
Лавров дар пайи мулоқот бо ҳамтои қазоқистонияш Мухтор Тлеубердӣ, таъкид намуд, ки вазъияти печида дар Афғонистон ба амният дар тамоми минтақа таъсир дорад.
Ин дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои охир дар қисматҳои шимолии Афғонистон ҳолатҳои даргирӣ ва ҳамлаҳои террористӣ дар масоҷид ба қайд гирифта мешаванд, даҳҳо кушта бар ҷой гузоштанд.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама қавму миллатҳо, фароҳам кардани озодиҳои занон ва таълими онон дар зумраи шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ назди ин гурӯҳ аст, ки то кунун иҷро нашудаанд.
Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Вазири толибҳо бо дипломатҳои Осиёи Марказӣ аз CASA-1000 гуфт: намояндаи Тоҷикистон набуд
Аммо то кунун бинобар иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи ин гурӯҳ ҳукумати он ба расмият шинохта нашудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ қаблан дар як ҳамоиш дар мавриди Афғонистон гуфт, то ҳол ташкили ҳукумати ҳамашумул бо ҳузури ҳамаи қавму гурӯҳҳои сиёсӣ аз сӯйи толибҳо амалӣ нашудааст.
Ахиран Ҳибатуллоҳ Охундзода, роҳбари толибҳо дастур додааст, ки аз табъизи қавмӣ, забонӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ шавад.
"Таъйинот ва пешрафти хидматӣ бояд бар асоси шоистагӣ ва росткорию сидқ сурат бигирад", - таъкид намуд роҳбари толибҳо ва афзуд, ки бояд фазои бародарию эътимод эҷод шавад.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои Афғонистон мегӯянд, қаблан низ чунин як дастуроти Охундзода нашр шуда буд, аммо дар амал таъсираш мушоҳида нагардид.
Лентаи хабарҳо
0