Эълони маҳдудияти чормоҳа дар масири Душанбе — Хуҷанд

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкГрузовик, архивное фото
Грузовик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, ки қисмати шимол ва ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, ба муддати чаҳор моҳ маҳдудият чорӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Аз якуми май маҳдудиятҳои мавсимӣ дар масирои Душанбе - Хуҷанд роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии ширктаии IRS, ки масъулияти пулчиниву нигаҳдории шоҳроҳи Душанбе - Хуҷандро бар уҳда дорад, хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, санади зидахл -“Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо" дар масири мазкур ба тасвиб расидааст.

"Тибқи он, аз 1-уми майи соли равон то 31 августи ҳамин сол маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз соати 10:00 то 20:00 ҷорӣ мешавад", - афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, маҳдудияти рӯзона ҳадафи пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқро дорад.
Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.
Таъкид шудааст, ки тибқи зарурат, бо супориш ва дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давомнокии маҳдудияти мавсимӣ тағйир дода мешавад.
Кӯпруки Спитамен, ки ширкати IRS таъмири онро ба зимма гирифт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
IRS мегӯяд, навсозии пули шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ 65 фисад иҷро шуд
"Ин омил, яъне тағйир додани реҷа ҳангоми аз 25 дараҷа паст гардидани ҳарорати рӯзонаи ҳаво низ пешбинӣ шудааст", - таъкид кардааст ширкати роҳбон.
Бо дарназардошти муҳимият, маҳдудият ба воситаҳои нақлиёте, ки ба интиқоли чорво машғуланд ва автомобилҳои барои интиқоли борҳои тезвайроншаванда махсусгардонидашуда, ки ду тири меҳвари ягона дошта, вазни умумиашон на зиёда аз 10 тонна аст (категорияи 2 бе ядак), татбиқ намешавад.
Чунин намуди автомобилҳои боркаш дар мавсими ҷорӣ шудани маҳдудият метавонанд дар вақти дилхоҳ ҳаракат намоянд.
Ширкат гуфтааст, ки намояндагиҳояш дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷобаҷогузории аломатҳои дахлдори роҳро вобаста ба маҳдудиятҳои муқарраршуда таъмин менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0