Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Мединский дар як рӯз чанд бор бо намояндаи Украина суҳбат кардааст

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПереговоры России и Украины в Стамбуле
Переговоры России и Украины в Стамбуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мединский дар як рӯз бо сардори ҳайати вакилони Украина чанд бор суҳбат кардааст. Вале дар пайи ин суҳбатҳо ба натиҷаи назаррасе нарасидаанд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Раҳбари ҳайати Русия дар музокирот, ёвари президенти Русия Владимир Мединский гуфт, ки рӯзи ҷумъа бо раҳбари ҳайати Украина Дэвид Арахамия гуфтугӯ кардааст.

"Тасдиқ мекунам", - навиштааст Мединский дар канали "Telegram"-и худ дар шарҳи гузоришҳои марбути расонаҳо.

Қаблан Вазорати хориҷаи Русия гуфта буд, ки Маскав ҳафтаи гузашта пешниҳодҳои худро дар бораи пешнависи санад бо матни дақиқ ба Украина супурдааст, вале то ҳол посух нагирифтааст.
Машваратҳои Русия ва Украина авохири моҳи феврал оғоз шуданд: ҳайатҳо дар Беларус ду мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор карданд, ки пас аз он тасмим гирифта шуд, онҳо ҳар рӯз тавассути видеоконфронс идома ёбанд.
Переговоры России и Украины в Стамбуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Нахӯреду нанӯшед: писханди Захарова ба хоҳиши ВУХ Украина аз музокиракунандаҳояш
Охири моҳи март ҳайатҳои вакилон дар Истанбул даври навбатии гуфтушунидро барпо карданд. Дар натиҷа Мединский гуфт, Украина пешниҳодҳои хаттии худро барои бастани паймони оянда ироа кардааст, ки Маскав онро як қадаме ба пеш медонад ва дар маҷмуъ Киев барои нахустин бор дар тӯли солҳои тӯлонӣ майл ба музокира кардааст.
Русия дар посух ба сӯйи Украина ду қадам гузошт. Аввалан тасмим гирифта шуд, ки амалиёти ҷангӣ дар самтҳои Киев ва Чернигов ба таври назаррас коҳиш дода шавад.
Дувум, Маскав пешниҳод кард, ки мулоқоти президент Владимир Путин бо Владимир Зеленский ҳамзамон бо қабули созишнома аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ баргузор шавад.
Шарҳи Кремл дар бораи раванди музокирот бо Киев
Аммо баъдан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, Украина аз пешниҳодҳои худаш сарпечӣ ва иғвоҳои зиёде эҷод мекунад.
Аз ҷумла, ба гуфтаи вазир, Украина тарҳи тавофуқномаи худро бо Русия пешниҳод кардааст, ки дур аз муҳтавои нишасти Истанбул дар мавриди Қрим аст ва ҳамчунин муқаррароти машқҳои низомиро бидуни зикри зарурати гирифтани ризоияти Русия тағйир додааст.
Лентаи хабарҳо
0