Низоми хомӯшӣ дар "Азовстал" фавран баъди бардоштани байрақҳои сафед эълон мешавад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксДым над заводом "Азовсталь" в Мариуполе
Дым над заводом Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Русия ба далоили гуманитарӣ ҳар лаҳза омодааст, барои берун шудани муҳосирашудаҳо аз корхонаи "Азовстал" низоми хомӯшӣ эълон кунад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Пешшарти Русия барои эълони низоми хомӯшӣ дар "Азовстал" боло кардани парчамҳои сафед дар ҳудуди корхона аст, изҳор дошт сардори Маркази миллии идораи мудофиаи ФР Михаил Мизинтсев.
Ӯ гуфт, дар пайи дидани ин паём фавран нерӯҳои Русия долонҳои гуманитарӣ муҳайё мекунанд.

"Дар посух ба иддаои батакрори ҷониби Украина, ки гӯё дар ҳудуди "Азовстал" шаҳрвандони мулкӣ қарор доранд, бори дигар эълон мекунем, ки Русия омодааст, дар ҳар лаҳза низоми хомӯшӣ эълон кунад", - таъкид намуд Мизинтсев.

Генерал афзуд, ки танаффуси башардӯстона метавонад барои берун омадани сокинони мулкӣ аз ҳудуди "Азовстал" истифода шавад, агар воқеан дар он ҷо бошанд.
"Инчунин аз ин фурсат метавонанд низомиёни Украина, ҷангиёни воҳидҳои миллатгаро, аз ҷумла маҷруҳон истифода баранд", - таъкид намуд вай.
Мизинтсев тавзеҳ дод, ки агар низомиёни украинӣ дар ҳудуди корхона парчами сафедро боло бардоранд, нерӯҳои Русия фавран амалиёти низомиро қатъ мекунанд, баромади бехатари муҳосирашудаҳоро ба макони ҷамъомади қаторҳои гуманитарӣ фароҳам менамоянд.
Президент РФ В. Путин встретился с министром обороны РФ С. Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Шойгу ба Путин: Мариупол озод шуд, ҷангиён танҳо дар "Азовстал" боқӣ мондаанд
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ахиран ба раисҷумҳур Владимир Путин ҳисобот дод, ки Мариупол озод шуд, танҳо бархе ҷангиён дар "Азовстал" паноҳ бурдаанд.
Ӯ гузориш дод, ки беш аз 2 ҳазор ҷангӣ феълан дар ҳудуди корхонаи "Азовстал" дар муҳосира гирифта шудаанд. Аз шумораи муҳосирашудаҳо то ҳол 1478 нафар таслим шудаанд, афзуд вазир.
Владимир Путин амр дод, ки ҳамла ба "Азовстал" лағв гардад, то ҷони низомиён ҳифз карда шавад. Ӯ хост, ба муҳосирашудаҳо бори дигар пешниҳод гардад, ки таслим шаванд.
Лентаи хабарҳо
0