Полковники амрикоӣ нокомии нангини Байденро дар Украина фош кард

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗаявление Джо Байдена по ситуации на Украине
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Рейтинги эътимод ба раиси Кохи сафед поин рафтанро идома медиҳад: амрикоиҳо аз таҷрибаи сиёсати хориҷии президенти худ норозӣ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Сиёсати раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден дар қиболи Украина ба нокомии шадид дучор шуд. Дар ин бора полковники мустаъфии амрикоӣ Вес Мартин дар мақолае дар "The Washington Post" изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи вай, талошҳои раиси Кохи сафед барои ҳалли низои Украина аз тариқи дипломатӣ натиҷаи мусбат надод.
Мартин изҳороти раҳбари собиқи Хадамоти маркази иктишофии ин кишвар Майкл Мореллро, ки Байденро дар таҳрики Русия айбдор кард, хотиррасон намуд.
Ҳамлаҳои норӯшан ва хашмгинона алайҳи раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз сӯйи раҳбари Амрико ихтилофоти миёни Маскав ва Вашингтонро боз ҳам шадидтар кардааст.

"Касри сафед ба ҷои нигоҳ доштани роҳи иртиботӣ бо Кремл ҳама пулҳоро сӯзонда истодааст, ба монанди СССР дар замони буҳрони мушакии Куба тавассути сафир Анатолий Добринин", - қайд кардааст муаллифи матлаби "The Washington Post".

Рейтинги президенти ИМА на танҳо аз сабаби нокомӣ дар Афғонистон ва Украина поин рафт, бовар дорад Мартин.
Таҷрибаи сиёсати хориҷии Байден ба амрикоиҳо мутаассир нест. Таварруми рекордии 8,5-дарсадӣ ва якбора боло рафтани нархи нерӯи барқ ​​маъруфияти ӯро боло намебарад.
Президент США Дональд Трамп  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Трамп гуфт, ки ИМА дар хатар аст
Қаблан шабакаи телевизионии NBC "News" омореро пешниҳод карда буд, ки тибқи он, беш аз 50 дарсади аҳолии ИМА ба оғози суқути дарозмуддати иқтисод дар Иёлоти Муттаҳида бовар доранд. Ин вазъият боиси аз даст додани роҳбарии Америка дар ҷаҳон мегардад.
Ҳангоми посух додан ба суоле дар бораи қобилияти Байден дар вокуниши дуруст ба вазъи Украина танҳо 12%-и пурсидашудагон ба амалҳои раиси Кохи сафед изҳори бовари комил кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки рейтинги Байден ба ҳадди рекордӣ поин рафт. Ҳоло ҳамагӣ 33-41% амрикоиҳо ба ӯ бовар мекунанд.
Ин бадтарин натиҷа дар муқоиса бо ҳамаи раҳбарони пешини ИМА мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0