Путин бо Шӯрои амният ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсудро баррасӣ мекунад

Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шӯрои амнияти Русия дурнамои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсудро баррасӣ мекунад. Ин тасмим дар пайи таҳримоти Ғарб алайҳи Русия рӯи кор омадааст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи фаврӣ бо аъзои Шӯрои амнияти Русия пешниҳод кард, ки масоили ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои пасошӯравиро ба таври ҷиддӣ баррасӣ намоянд.
"Имрӯз мо масъалаҳои ҳамкорӣ бо наздиктарин ҳамсояҳои худ дар фазои пасошӯравиро баррасӣ хоҳем кард. Алексей Логвинович (Оверчук) ин корро тавассути ҳукумати мо анҷом медиҳад. Ӯ ба таври муфассал медонад, ки корҳо пеш аз ҳама дар роҳи иқтисодӣ чӣ гуна пеш мераванд", - гуфт Владимир Путин.
Ҳамзамон раисҷумҳури Русия гуфт, мехоҳад, ӯро ба ҷаласа даъват кунад, то ӯ дар ин бора гузориш диҳад.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Франции Э. Макроном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Макрон хостори идомаи музокира бо Путин шуд
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвараш хонда буд.

“Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо – муносибот бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар қаламрави шӯравии собиқ мебошад. Бори дигар таъкид мекунам, ки ин мавзуъ барои мо калидист”, - изҳор кард Владимир Путин.

Раисҷумҳури Русия афзуд, муколамаи хубе бо шарикон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ шуда, додугирифтаи густурдаи молӣ сурат гирифта истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Белорус ва Ӯзбекистон узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0