Шолтс: Таҳрими судури гази Русия ба Украина сулҳ намеорад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкСаммит ЕС в Брюсселе
Саммит ЕС в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Садри аъзами Олмон ахиран ба рӯзномаи олмоние гуфтааст, таҳрими нафту гази Русия ба қатъи низоъ дар Украина мусоидат намекунад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Иҷрои хоҳишҳои Киев дар бораи манъи фаврии воридоти газ аз Русия ғайриқобили қабул аст ва ин метавонад барои бархе аз кишварҳо пайомадҳои ногуворе дошта бошад, гуфт дар мусоҳиба бо маҷаллаи "Spiegel" Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон.
Ба гуфтаи вай, чунин иқдом ба қатъи низоъ дар Украина мусоидат намекунад.
Вай ҳамчунин аз изҳороте, ки гӯё Берлин бо идомаи харидани гази Русия амалиёти вижаи низомии Маскав дар Украинаро "маблағгузорӣ" мекунад, интиқод кард.
"Гап дар он аст, ки мо мехоҳем аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, аз даст додани миллионҳо ҷойҳои кор ва корхонаҳое, ки дигар ҳеҷ гоҳ боз нахоҳанд шуд, худдорӣ кунем. Ин барои кишвари мо, барои тамоми Аврупо оқибатҳои ҷиддӣ хоҳад дошт ва инчунин таъсири ҷиддӣ мерасонад. Инчунин ин иқдом ба маблағгузории эҳёи Украина таъсир мерасонад. Ба ҳамин хотир ман инро бояд қайд кунам: мо наметавонем ба ин роҳ диҳем”, - афзуд Шолтс.
Добыча нефти в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Новак гуфт, Аврупо наметавонад дар панҷ соли оянда нафту гази Русияро иваз кунад
Қаблан намояндаи роҳбари Девони Вазирони Фаронса Габриэл Аттал аз эҳтимоли таҳрими воридоти газу нафти Русия ба Иттиҳодияи Аврупо изҳори назар карда буд.
Ба гуфтаи вай, Брюссел омодааст, то ҳадде ки имкон аст, таҳрим ҷорӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол, Аврупо аллакай бо болоравии қимати маводи сӯхт ва таварруми баланд, рӯ ба рӯ шудааст, ки боиси норозигии шаҳрвандон гаштааст. Таваррум дар 19 кишвари ҳавзаи евро дар моҳи март ба 7,4 дарсад расида буд.
Лентаи хабарҳо
0