Ҷиноёти содиркардаи зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия бештар шудааст

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудник полиции, архивное фото
Сотрудник полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, аз аввали сол то кунун дар саросари Федератсияи Русия мизони ҷиноят аз ҷониби муҳоҷирон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Шумораи ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 8% афзоиш ёфтааст.
Чунин маълумоти оморӣ дар бораи вазъи ҷиноят аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия пешниҳод шудааст.,
"Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Федератсияи Русия 10,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2021 - 8,1% зиёд аст", - гуфта мешавад дар хабарнома.
Тибқи гузориши манбаъ, шаҳрвандони кишварҳои ИДМ низ қонунро бештар нақз кардаанд. Зодагони Осиёи Марказӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 8,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба соли 2021 - 12,6% бештар аст.
Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ теъдоди ҷиноятҳо алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ тақрибан 6% - қариб 4000 афзоиш ёфтааст.
Посадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Манъи вуруди беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия
Қобили зикр аст, ки қаблан Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки кормандони пулис дар 2 моҳи соли 2022 нисбат ба соли 2021 дар байни муҳоҷирони корӣ бештар қонуншиканиро ошкор кардаанд.
Дар ин муддат ходисахои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ва низоми будубош бештар аз 114 фоиз афзуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки ҷониби Русия бояд тамоми маълумот, аз ҷумла биометрӣ дар бораи ҳамаи хориҷиёне, ки ба кишвар меоянд, дошта бошад.
Русия муҳлати иқомат барои шаҳрвандони Ӯзбекистонро тамдид кард
Ӯ ҳамчунин хостори назорати дақиқтари вуруди муҳоҷирон ба кишвар шуд, то аз вуруди ҷинояткорон назорат ва ҷилавгирӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0