Марзбонони қирғиз нагузоштанд, ки биринҷу селитра вориди Тоҷикистон шавад

© Sputnik / Егор ЕремоПограничники на службе, архивное фото
Пограничники на службе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Обуна шудан
Дар вилояти Бодканд марзбонони қирғиз аз қочоқи селитра ва биринҷ ҷилавгирӣ карданд, ки мебоист ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар Бодкент марзбонон моли қочоқиро ошкор карданд, ки барои интиқол ба Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд, хабар медиҳад хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Ба гуфтаи ин ниҳод, марзбонони Бодканд дар яке аз хонаҳои рустои Қарабок моли қочоқиро боздошт кардаанд.
Дар доираи чорабиниҳои мубориза бо қочоқ 2,2 ҳазор кило селитра ва 2,5 ҳазор кило биринҷ кашф гардид.
Гуфта мешавад, ин молҳо барои ба қаламрави Тоҷикистони ҳамсоя интиқол додан пешбинӣ шуда буданд.
Илова бар ин рӯзи 23 апрел дар маҳаллаи Оқ-Ариқ дар ноҳияи Лайлак марзбонон як мошини тамғаи "Мерседес-Бенс Спринтер"-ро бидуни ронанда дарёфт карданд.
Парламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Як кило нагузарад: Тошиев дастур додааст, ки аз қочоқи мол ба Тоҷикистон пешгирӣ шавад
Дар рафти тафтиш бори ғайриқонунӣ — боз 2000 килограмм селитра ёфт шуд. Таъкид шудааст, ки он низ барои интиқоли ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд.
Дар ҳар ду маврид соҳибон хуҷҷатҳои дахлдори молро надоштааннд.
"Баъди тартиб додани протоколҳо шаҳрвандони ба қочоқи мол дастдошта ва молҳо барои тафтиши минбаъда ба кормандони мақомоти салоҳиятдор супурда шуданд", - афзудааст манбаъ.
Дар ин дар ҳолест, чанд рӯз қабл ин кишвар хабар дода буд, ки воридоти бодиринг ва маводи қочоқиро боздоштаанд.
Лентаи хабарҳо
0