Муҳаққиқ ба мардуми Афғонистон: Дар хонаҳоятон намоз бихонед

© Sputnik / T.AZIMБывший советник президента Афганистана Мухаммад Мухакик
Бывший советник президента Афганистана Мухаммад Мухакик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии мардуми Афғонистон таъкид дорад, ки дар сурати адами тавофуқи толибон мардум бояд то беҳтар шудани вазъияти амниятӣ намозро дар хонаҳояшон адо кунанд
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии мардуми Афғонистон дар вокуниш ба ҳамлаи ахир ба масҷиде дар Мазори Шариф дар саҳифаи "Рухнома"-и худ навишт, мардум бояд дар сурати мувофиқати толибон барои масҷидҳо, марказҳои омӯзишӣ ва варзишӣ силоҳи дифоӣ таҳия кунанд.
Вай афзуд, агар толибон розӣ набошанд, мардум бояд то беҳбуди вазъи амниятӣ намозро дар хонаҳояшон адо намоянд.
Оқои Муҳаққиқ таркишҳои ахир дар Кобул ва Мазори Шарифро намунаи "наслкушӣ"-и ҳазораҳо хонд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, барои ҷилавгирӣ аз наслкушии мардуми ҳазора пуштибонӣ кунад.
Дар чанд рӯзи ахир дар шаҳрҳои Кобулу Мазори Шариф, дар масҷидҳо ҳамлаҳои террористӣ сурат гирифт. Дар ин таркишҳо даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданду садҳо нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Абдуллоҳ: Ҳамла ба намозгузорон хилофи тамоми усулу арзишҳои динию инсонӣ аст
Ёдрас менамоем, ки рӯзи панҷшанбе дар масҷиди Мазори Шарифи Афғонистон ҳангоми адои намоз таркиш рух дод.
Ҳодиса дар як минтақаи серодами шаҳр ба вуқуъ пайваст.
Ба гузориши хабаргузории афғонии "Khaama Press", шумори қурбониёни таркиш ба 30 нафар ва теъдоди захмиён ба 80 нафар расидааст.
Бояд қайд, ки гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* масъулияти таркиш дар масҷиди шаҳри Мазори Шарифи Афғонистонро бар уҳда гирифт.
Дар ин бора оҷонсии Франс Пресс бо истинод ба изҳороти ин созмон хабар додааст.
"Гурӯҳи "Давлати исломӣ"* масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаҳо дар рӯзи панҷшанберо бар уҳда гирифт", - омадааст дар хабар.
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Дар таркиши масҷиди Кундуз беш аз 30 нафар захмӣ ва кушта шуданд
Пас табдили ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар тақрибан ҳар ҳафта таркишҳову куштор ба қайд гирифта мешаванд.
Ҳамин тавр тирамоҳи соли 2021 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо беш аз 250 нафар кушта, садҳо нафар маҷруҳ шуданд.
Ахиран дар пайи таркишҳо дар назди мактабе дар Кобул дастикам 25 нафар кушта шуданд.
* - гурӯҳи терррористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0