Таркиши шадид дар як кони вилояти Оренбург: қурбониён ҳастанд

Скорая в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар як кони зеризаминии вилояти Оренбург таркиши шадид рух дод, бино ба фарзияи пешакӣ, фатидагон низ ҳастанд, сарнавишти чанд нафар маълум нест
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Бар асари таркиш дар кони як корхонаи коркарди маъдан дар вилояти Оренбург чанд нафар ҷароҳат бардошта, се нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад хадамоти изтирорӣ.
Бино ба маълумоти пешакӣ, аз 91 нафар 88 нафар коргарон тавонистаанд мустақилона аз минтақаи кон берун раванд ва муддати тӯлонӣ бо се маъданчии дигар ҳеҷ гуна робита вуҷуд надошт.
Ба навиштаи чанд нашрия, ин 3 нафар алакай фавтида пайдо шудаанд, аммо тасдиқи расмӣ вуҷуд надорад.
Дар ҳамин ҳол, торнамои 5-tv.ru алакай феҳристи ҳалокдагон дар таркиши конро бо нишони "маълумоти муқаддамотӣ" мунташир кардааст.
Пожар на территории Северной ТЭЦ в Мытищах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Сӯхтор дар пажуҳишгоҳи Вазорати дифоъ дар Твер қурбонӣ дар пай дошт
Додситонӣ марги се нафар - Михаил С, Ғарифулло У ва Вячеслав С - ро дар ин таркиш тасдиқ кард.
Ҳоло дар ҷои ҳодиса хадамоти изтирорӣ кор карда, тамоми ҳолатҳои рухдоди ҳодиса мушаххас карда мешавад.
Фоҷиа тахминан соати 07:00 ба вақти Маскав дар кони зеризаминии ҶСК "Гайский ГОК" умқи 1,2 километр рух додааст. Он дар кӯчаи Индустриалии шаҳри Гай ҷойгир аст.
Сабаби муқаддамотии таркиш дар минаи вилояти Оренбург то ҳол риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо маводи тарканда арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0