Тоҷикистону Чин дар соҳаи маориф созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд

© Sputnik / Амир ИсаевПодпись документа. архивное фото
Подпись документа. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Чин донишҷӯёни тоҷикро маълумотдор мекунад. Дар ин росто миёни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи маориф созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар Маркази Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маросими баимзорасонии Созишномаи муштараки таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд.
Дар баробари ин маросими ифтитоҳи курси омодагии забони чинӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ баргузор шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба донишкадаи мазкур.
Ин созишномаҳо имкон медиҳанд, ки 10 нафар аз донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Донишгоҳи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоуи вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил кунанд.
Дар маросими мазкур намояндагони вазоратҳои саноат, маориф, масъулини мақомоти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Мастчоҳ, Истиқлол, ректори Донишгоҳи кӯҳӣ ва металлургии ҶТ, директори Донишкадаи Конфутсии назди Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, директори генералии ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" ширкат кардаанд.
Школьники на первом школьном дне в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Ду хонандаи боистеъдод аз Хуҷанд барои таҳсил ба ИМА ва Швейтсария мераванд
Манбаъ афзуда, ки Донишгоҳи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоуи вилояти Гансуи Чин тасмим гирифтааст, ки дар ин самт ҳамкории худро бо Тоҷикистон тақвият бахшида, мубодила ва ҳамкории байналмилалӣ ба роҳ монад.
Донишгоҳи мазкур аз ҷумлаи мактаби касбии сатҳи баланд ба шумор рафта, мавқеи яке аз ду донишгоҳи давлатии сатҳи бакалаврӣ ва касбиро дар вилояти Гансу ишғол менамояд.
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф
Феълан дар вилояти Гансу 28 техникуми олии техникии касбӣ ва 184 мактаби миёнаи касбии техникӣ мавҷуда аст, ки 500 ҳазор донишҷӯро фаро мегирад.
Бояд гуфт, барои донишҷӯёни Тоҷикистон макотиби олии Чин барои гирифтани маълумоти олӣ қобили таваҷҷуҳ аст.
Вале аксари донишҷӯёни тоҷик барои идомаи таҳсил донишгоҳҳои Русия, Қазоқистон ва Қирғизистонро интихоб мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0