Оё Тоҷикистонро камбуди ғалла интизор аст: посухи иқтисоддон - видео

Обуна шудан
Маҳдудияти интиқоли маҳсулоти ғизоӣ аз Русия ба кишварҳои дигар ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад, Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар як сӯҳбати видеоӣ шарҳ дод
Русия содироти ғалла, шакар ва як қатор маҳсулоти дигари ғизоиро муваққатан манъ кардааст. Фармони дахлдорро раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.
Маҳдудиятҳо аз 15 март эътибор пайдо карданд ва то 31 август амал мекунанд.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия, кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАО) бо оқибатҳои ҷиддӣ рӯбарӯ намешаванд, зеро онҳо бо маводи ғизоии Русия таъминанд.
Манъи содироти ғалла аз Русия ба Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад гузошт?
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон, ки аз Федератсияи Русия гандум мехарад, узви ИИАО нест.
Тибқи омори Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ҳамасола дар кишвар ҳудуди 900 ҳазор тонна гандум тавлид мешавад, аммо барои таъмини ниёзи мардуми Тоҷикистон дар як сол на камтар аз 1 миллиону 700 ҳазор тонна ин маҳсулот лозим аст.
Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чӣ гуна маҳдудиятҳо дар содироти ғаллаи Русия ба ин ҷумҳурӣ таъсир хоҳад расонд.
Лентаи хабарҳо
0