“Амонатбонк” даромади семоҳаашро эълон кард

© Sputnik Отделение банка "Амонатбонк"
Отделение банка Амонатбонк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раёсати “Амонатбонк” ахиран дар як ҷаласа вобаста ба фаъолияти ин бонк дар се моҳи аввали соли равон даромади софи ин бонки давлатиро дар ин давра эълон кард
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Раёсати “Амонатбонк” дар ин ҷаласа қайд намудааст, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ бонк дар ҳаҷми 18,4 миллион сомонӣ даромади соф ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи солигузашта 32 дарсад зиёд мебошад.
Ҳамзамон раёсати ин бонки давлатӣ қайд кардааст, ки бо мақсади саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардидани буҷаи давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 17 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷаи давлат пардохт намудааст.

“Ҳаҷми сармояи бонк дар семоҳаи якуми соли 2022 ба 594,2 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,9 дарсад зиёд мебошад”, - таъкид доштааст раёсати “Амонатбонк”.

Дар ин ҷаласа қайд карда шудааст, ки дороиҳои бонк маблағи 5,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ҳиссаи асосии онро дороиҳои даромаднок (40,4 дарсад) ва дороиҳои пардохтпазир (40дарсад) ташкил медиҳанд.

“Аз ҷумла сандуқи қарзии бонк 53,5 дарсади дороиҳои даромадноки Бонкро ташкил намуда истодааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 31,6 банди фоизӣ зиёд мебошад”, - илова кардааст раёсати Бонк.

Инчунин раёсати “Амонатбонк” қайд намудааст, ки барои саҳмгузории назаррас дар низоми бонкӣ дар 5 соли оянда тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат ва аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ва дар ин замина мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.
Вывеска с названием Western Union, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Вокуниши “Амонатбонк” вобаста ба қатъи фаъолияти "Western Union"
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки бонк ба ҳолати 31 марти соли равон аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 16 ҳазор муштарӣ 342 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарздиҳӣ 43,8 дарсад зиёд гардидааст.
Қарзҳои додашудаи бонк ба соҳаҳои саноат 22,3 дарсад, кишоварзӣ 27,3 дарсад, истеъмолӣ 28,3 дарсад, сохтмон 3 дарсад, тиҷорат 17,9 дарсад, нақлиёт 0,4 дарсад ва дигар хидматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 0,8 дарсад рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0