Пандемияи нав? Авҷи илтиҳоби шадиди ҷигар миёни кӯдакону наврасон дар Британия

Работа детской больницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи 169 ҳолати бемории нави илтиҳоби ҷигар миёни кӯдакон гузориш медиҳад, ки аксари беморон дар Британияи Кабир мебошанд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз 169 ҳолати илтиҳоби ҷигар (гепатит)-и шадид гузориш додааст, ки дар кӯдакони 12 кишвари ҷаҳон ошкор шудааст.
Ҳадди ақалл як марг ба қайд гирифта шудааст.

"То 21 апрели соли 2022 дар 11 кишвари минтақаи аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва як кишвар дар минтақаи Амрико ҳадди аққал 169 ҳолати гепатити шадиди пайдоиши номаълум ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар изҳороти созмон.

Хабар дода мешавад, ки дар Британияи Кабир 114, Испания 13, Исроил 12, ИМА 9, ва Дания 6 ҳолати беморшавии кӯдакон ба қайд гирифта шуд.
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Таъсири даҳшатовари ваксинаи зидди коронавирус ошкор шуд
Ҳамчунин дар Ирландия камтар аз панҷ, дар Италия ва Ҳолланд чаҳор, дар Норвегия ва Фаронса ду ва дар Руминия ва Белгия якнафарӣ олудаи илтиҳоби шадиди ҷигар гардидаанд.
Тибқи маълумоти СҶБ, синну соли беморон аз 1 моҳ то 16 сол аст. Тақрибан 10% беморон ба трансплантатсияи ҷигар ниёз доранд.
СҶБ дар бораи ҳадди аққал як марг маълумот дорад. Ин созмон гуфтааст, ки дар ҳеҷ яке аз ин мавридҳо вирусҳои гепатитҳои навъи А, В, С, Е ва D ошкор нашудааст.
Ҳангоми санҷиши молекулавӣ ҳадди аққал дар 74 ҳолат аденовирус ва дар 18 нафар аденовируси гурӯҳи F (намуди 41) муайян карда шуд. СҶБ қайд кардааст, чораҳои умумӣ оид ба пешгирии аденовирус ва дигар сироятҳои маъмул шустани мунтазами дастҳо ва гигиенаи роҳҳои нафасро дар бар мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0