"Bloomberg": Олмон бинобар таҳримҳо алайҳи Русия қарздор мешавад

© Sputnik / Николай Филяков / Гузаштан ба хазинаи аксИсторическое здание Рейхстага в центре Берлина. В реконструированном здании рейхстага размещается Германский бундестаг (парламент).
Историческое здание Рейхстага в центре Берлина. В реконструированном здании рейхстага размещается Германский бундестаг (парламент). - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хабаргузории "Bloomberg" иттилоъ додааст, ки Ҳукумати Олмон тасмим дорад, қарзи берунаи худро то 140 миллиард евро зиёд намояд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. "Bloomberg" дар такя ба манобеи худ хабар медиҳад, ки Олмон ният дорад, қарзи хориҷии худро тақрибан 40 миллиард евро афзоиш диҳад, то таъсири иқтисодии баъд аз амалиёти вижаи Русия дар Украина ва таҳримҳо алайҳи ин кишварро коҳиш диҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар сурати тасвиби ин нақша дар парлумони Олмон ҳаҷми умумии қарзи давлатии ин кишвар ба 140 миллиард евро мерасад.
Ба навиштаи ин расона, Ҳукумати Олмон бо ин маблағҳои изофӣ метавонад афзоиши қимати нерӯи барқ барои ширкатҳо ва афроди алоҳидаро ҷуброн намояд.
Брифинг А. Антонова после заседания комитета по международным делам  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Бо мактубу занг таҳдид мекунанд: сафир аз монеагузории Вашингтон ба кори сафорат гуфт
Олмон дар баробари дигар кишварҳои ғарбӣ пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои густурда алайҳи Русия дар посух ба амалиёти вижаи низомӣ барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина ба афзоиши шадиди қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ шуд.
Ба гуфтаи "Deutsche Wirschafts Nachrichten", хароҷоти Олмон барои нафти Русия дар соли ҷорӣ метавонад ба 14,3 миллиард евро ва маблағи воридоти газ ба 17,6 миллиард евро бирасад.
Бо вуҷуди ин Берлин тасмим дорад, аз воридоти ангишт ва нафти русӣ то охири сол ва газ то нимаи соли 2024 даст кашад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Амрикоиҳо ҳукуматро барои интиқоли силоҳ бо Украина танқид карданд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0