Ифтитоҳи аввалин Маркази омӯзиши забони ӯзбеки дар Маскав - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар маросими ифтитоҳи Маркази забон ва фарҳанги ӯзбекӣ дар Маскав донишҷӯёни рус меҳмононро бо забони ӯзбекӣ истиқбол мегирифтанд
Дар кучаи Остоженкаи шаҳри Маскав Маркази забон ва фарҳанги узбакӣ ифтитоҳ шуд. Ин марказ дар дохили бинои Донишгоҳи давлатии лингвистии Маскав ҷойгир шудаааст. Ин аввалин муассисаи омӯзиши забони узбакӣ дар пойтахти Русия ба ҳисоб меравад.
Ректори ин донишгоҳ профессор Ирина Краева мегӯяд, дар донишгоҳ барои кушодани Маркази забон ва фарҳанги узбакӣ вақти зиёд масраф шуд.

“Ҳанӯз дар соли 2010 мо ба таълими забони узбакӣ шуруъ карда будем, на танҳо дар маҳфилҳо ва корҳои беруназсинфӣ, балки онро дар барномаҳои асосии таълимӣ ҷорӣ мекардем. Ин барои мо ҳамеша ҷолиб буд”, - мегӯяд ӯ.

Омӯзгорони ин донишгоҳ китоби дарсии “Забони ӯзбекӣ барои кишварҳои ИДМ”-ро нашр карданд ва ҳоло бо донишгоҳҳои пешрафтаи Ӯзбекистон дар самти табодули донишҷӯён ва омӯзгорон ҳамкориро оғоз намудаанд.
Пас аз 24 сол филиали донишгоҳи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дубора фаъол мешавад
То имрӯз дар ин донишгоҳ зиёда аз 100 нафар аз мутахассисон омода карда шудаанд, ки донандаи забони ӯзбекӣ мебошанд.
Ба гуфтаи хонум Ирина Краева, хатмкунандагони ин донишгоҳ ҳоло дар вазорати умури хориҷаи Русия, идораҳои мухталифи давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ кор мекунанд ва ҳамчунин дар муассисаҳои таълимии Маскав забони ӯзбекӣ дарс медиҳанд.
Филмҳои тасвирии тоҷикӣ ҳакамони байналмилалиро ҳайратзада карданд
Ба гуфтаи вай, шавқу рағбати донишҷӯёни донишгоҳҳо ба забони ӯзбекӣ сол аз сол афзоиш ёфтааст. Масалан, имсол забони узбекиро дар Донишгохи давлатии забоншиносии Маскав сиёсатшиносони оянда ва коршиносони минтақаӣ меомӯзанд.
Маълумоти бештарро аз видеои "Sputnik" бигиред.
Лентаи хабарҳо
0