Ҳашт ҳазор мошин бар асари таҳримҳо алайҳи Русия дар Белгия дармонданд

Автомобильный рынок  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
"Wall Street Journal" менависад, тақрибан ҳашт ҳазор мошин бар асари таҳримҳо алайҳи Русия дар шаҳри Зебрюгеи давлати Белгия дармондаанд
Ҳудуди ҳашт ҳазор мошин, ки омодаи интиқол ба Русия ҳастанд, дар шаҳри бандарии Зебрюгеи Белгия бар асари таҳримҳои Ғарб дармондаанд, хабар медиҳад "Wall Street Journal".
Мошинҳо аз ҷумлаи навтарин моделҳои "Cadillac", "Mercedes" ва "Lexus" дар авоили моҳи апрел аз Осиё ворид шудаанд.

"Мошинҳо аз содироти молҳои боҳашамат мамнуъ шудаанд, аммо як қатор молҳои дигаре, ки таҳти таҳримҳои гуногун қарор доранд, низ дар ин ҷо мондаанд", - гуфт Марк Адриансенс, директори терминали мошинҳои бандар.

Ба гуфтаи ӯ, ба эҳтимоли зиёд мошинҳо муддати тӯлонӣ ба ҳеҷ куҷо интиқол дода намешаванд ва дар ниҳоят ба бозорҳои дигар фурӯхта мешаванд.
Флаг Великобритании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сокинони Британия ҳукуматро барои оқибатҳои таҳрим алайҳи Русия мазамат карданд
Иттиҳодияи Аврупо пештар бастаи панҷуми таҳримҳои зидди Русияро тасвиб кард. Тадбирҳои нави маҳдудкунанда манъи воридоти ангишт аз моҳи августи соли 2022, манъи вуруди киштиҳо бо парчами Русия ба бандарҳои Иттиҳоди Аврупо ва маҳдудиятҳои ширкатҳои боркашонии Русия ва Беларусро дар бар мегиранд.
Амалҳои мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ аллакай ба мушкилоти иқтисодии кишварҳояшон табдил ёфта, боиси болоравии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ шудааст.
Кремл ин таҳримҳоро як ҷанги иқтисодӣ номид, ки монанди онҳо то ҳол набудааст, вале таъкид кард, ки онҳо ба чунин рушди ҳаводис омодаанд.
Лентаи хабарҳо
0