Шанбегии собиқадорон дар қабристонҳои шаҳри Душанбе

© Sputnik / Amir IsaevСубботник на кладбище в Душанбе
Субботник на кладбище в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон барои ба тартиб даровардани қабристонҳо ва ҷойҳои дафни низомиён тадбирҳо андешида мешавад
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дар қабристонҳои масеҳиён ва мусалмонони пойтахти Тоҷикистон шанбегӣ баргузор шуд.
Онро собиқадорони ташкилоти умумирусиягии ҷамъиятии "Бародарони ҷангӣ" якҷоя бо курсантҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, инчунин донишҷӯёни Ҷунбиши ҳарбӣ-ватандӯстии Русия "Юнармия" баргузор карданд.
Собиқадорон қариб 250 панҷараи ёдгориро тармим ва рангубор карда, тамоми атрофи ҳавлии калисоро аз дарахтони куҳна тоза карда, қариб 20 танаи онро буриданд.
Аъзи "Юнармия" роҳҳо ва ҷойҳои дафнро аз алафҳои бегона тоза карданд.
Военнослужащие 201-й российской военной базы провели субботник на православном кладбище в Душанбе   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Ёде аз қаҳрамонон: Баргузории шанбегӣ бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Душанбе
Дар чаҳорчӯби шанбегӣ ширкаткунандагон беш аз 450 қабрро ба тартиб дароварданд. Дар ин шанбегӣ ҳудуди 200 нафар кор карданд.
Илова бар ин собиқадорони "Бародарони ҷангӣ" ҳамроҳ бо сардори сарбозони интернатсионалисти вилояти Суғд Комилҷон Содиқов ба як хонаводаи маҳаллӣ кумаки башардӯстона расониданд. Як зани кӯдакдор ва модараш, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор гирифтаанд, аз низомиён бастаи ғизо дарёфт карданд.
Қаблан ихтиёриён ва хидматчиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия бахшида ба 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ як рӯзи кори дастаҷамъӣ баргузор карданд.
Дар шанбегӣ фармондеҳи пойгоҳи низомии 201 полковник Евгений Ковилин ва сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов бевосита ширкат доштанд.
Дар маҷмуъ, дар тамиз кардани оромгоҳ беш аз 200 нафар аз вазорату идораҳо ва созмонҳои ҷамъиятии мухталифи Тоҷикистон ширкат карданд.
Лентаи хабарҳо
0