Арабистон барои 3,5 ҳазор зоири тоҷик иҷозаи Ҳаҷ карданро дод

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПаломники в Мекке
Паломники в Мекке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Зоирин тоҷик имсол 1438 нафар камтар ҳаққи сафар барои зиёрати хонаи Худоро хоҳанд дошт. Қабл аз пандемия барои Тоҷикистон панҷ ҳазор ҷой ҷудо мешуд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ барои беш аз 3500 зоир квота ҷудо кардааст.
Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи умури дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

"Вазорати ҳаҷҷи Саудӣ расман хабар дар бораи квотаҳо барои зоирини хориҷиро нашр кард, ки бар асоси он, барои Тоҷикистон 3562 ҷой расидааст", - гуфт мавсуф.

Ба иттилои манбаъ, кумита ҳоло расман мактубе дастрас накардааст, аммо бояд ба ин ниҳод низ бирасад.
Ӯ гуфт, кумита ҳанӯз аз соли 2020 корҳои омодагиро барои сафарбаркунии зоирин баррасӣ ва ҳиссаи ҷудошуда аз рӯи шумораи аҳолиро ба шаҳру навоҳӣ фиристода буд, ки тасдиқ гардид.
Аммо бо назардошти вазъи эпидемиологӣ ин сафар сурат нагирифт.
Ин ниҳод мегӯяд, зоирин дар мавсими нави ҳаҷ, тибқи навбат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пешниҳод мегарданд.
Собака спит около велосипеда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Тоҷикистонӣ мехоҳад бо дучарха ба ҳаҷ равад, аммо ба ӯ иҷозат намедиҳанд
Он замон ҷониби Саудӣ барои панҷ ҳазор зоири тоҷик иҷозаи сафар ба ин кишварро дода буд. Ҳамакнун аз ин миқдор 1438 нафар камтар мераванд.
Дар мавриди нархномаи сафар барои зиёрати хонаи Худо ҳоло чизе мушаххас нест ва ба гуфтаи оқои Муқим, пас аз расман дарёфти даъватнома он низ дақиқ хоҳад шуд.
Арабистон иҷозат дод: зоирини тоҷик метавонанд ба зиёрати хонаи Худо раванд
Маврид ба зикр аст, ки пеш аз пандемия нархи сафари ҳаҷ барои зоирини кишвар 35 ҳазору 128 сомонӣ, муодили 3700 доллари амрикоӣ буд.
Ёдовар мешавем, ахиран Арабистони Саудӣ барои нахустин бор пас аз се соли ахир дар пайи беҳбуди вазъи эпидемиологӣ ба як миллион зоир иҷозаи зиёрати хонаи Худоро дод.
Лентаи хабарҳо
0