Даргузашти куҳансолтарин зани ҷаҳон

© AFP 2023 / JIJI PRESSСтарейшая жительница Земли, японка Канэ Танака
Старейшая жительница Земли, японка Канэ Танака - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Куҳансолтарин зани сайёраи Замин дар феҳрасти асрори дарозумрияш изҳор дошта буд, ки оила, умед, хоби солим ва парҳезкорӣ мунҷар ба афзоиши умри ӯ шуда
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Канэ Танака, зани куҳансолтарини дунё дар соли 120-уми умраш дар Ҷопон даргузашт, хабар доданд расонаҳои ҷаҳонӣ.
Танака аз рӯи дарозумрӣ вориди китоби рекордҳои Гиннес шуда, солмандтарин инсон ба шумор мерафт. Ӯ 2 январи соли равон 119-солагияшро таҷлил намуда буд.
Санаи таваллуди Танака 2 январи соли 1903 сабт гардидааст. Бар асоси ҳолнома, ӯ кӯдаки норасид таваллуд шуда, шири мураббияро хӯрдааст.
Маълум аст, ки шавҳар ва писари калониаш дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок кардаанд.
Тайи ҳаёташ ӯ солиёни зиёд дар мағозаи фурӯши нонҳои биринҷӣ кор мекардааст, ки ҳанӯз то Ҷанги дуюми ҷаҳон кушода шуда буд. Баъди нафақа борҳо ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА сафар карда, аз соли 2005-ум дар хонаи пиронсолон дар Фукуока зиндагӣ мекардааст.
В Самарканде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Се одати рӯзмарра, ки умрро дароз мекунад
Дар мавриди тарзи ҳаёти ин зани солманд гуфта мешавад, ки одати барвақт аз хоб хестанро доштааст. Инчунин бозии реверси ва дигар бозиҳои рӯи мизиро дӯст медошт ва аз ширинӣ парҳез намекардааст. Куҳансолтарин зани сайёраи Замин дар феҳрасти асрори дарозумрияш изҳор дошта буд, ки оила, умед, хоби солим ва парҳезкорӣ мунҷар ба афзоиши умри ӯ шудааст.
Гуфта мешавад, ҳанӯз 16 сол қабл табибон як варами саратониро дар бадани Танака ҷарроҳӣ карданд ва аз он замон инҷониб ҳич мушкили ҷиддие бо саломатияш надоштааст.
Танака аз ҷумлаи солмандтаринҳо инсон дар таърихи инсоният ба шумор меравад, аммо дар садри он қарор надорад. Рекорди мутлақ дар мавриди солмандӣ ба зани фаронсавӣ, Жанна Килман нисбат дода мешавад, ки 122 сол умр дидааст.
Лентаи хабарҳо
0