КҲФ зарари сел дар Суғдро муайян кард

© Фото : Штаб МЧС в Согдийской областиСелевой поток в Таджикистане
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бар асари фаромадани сел дар деҳаи Навободи ҷамоати Лоиқ Шералӣ то як муддат ҳаракати нақлиёт дар роҳи Айнӣ - Панҷакент баста буд. Феълан ин масир боз аст
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зарари сел дар ҳудуди шаҳри Панҷакентро муайн намуданд.
Ба иттилои ин ниҳод, бар асари боронгариҳои чанд рӯзи ахир дар деҳаи Навободи вилояти Суғд сел фаромад, ки лойқа пули деҳаро тахриб намуд ва роҳи мошингари Айнӣ - Панҷакент муваққатан баст.
Гуфта мешавад, ҳоло роҳ пурра аз лойоқа тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо дар ду самт имконпазир аст.
Последствия схода сели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Барои осебдидагони сел дар Тоҷикистон қитъаи замин ҷудо мешавад
Пас аз фаромадани сел Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда муайян намуд, ки сел ба 48 гектар замини кишоварзӣ дар ҷамоати Лоиқи Шералӣ зарар расонда, таҳхонаи 15 хонаи истиқоматии сокинони деҳаи Заврон ва 7 манзили истиқоматӣ дар рустои Навбунёдро хисорот ворид кардааст.
Ҳоло кумитаи ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Панҷакент ба қароре омаданд, ки барои тоза намудани хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳашари умумӣ бо ҷалби аҳолии маҳал ва техника ташкил кунанд.
Манбаъ меафзояд, сери харобиовар, хушбахтона, талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.
Лентаи хабарҳо
0