"Меравам, то даста беҳтар шавад". Хоҷаев истеъфояш аз "Хуҷанд"-ро шарҳ дод

© ФФТРустам Ходжаев стал новым главным тренером "Панджшера"
Рустам Ходжаев стал новым главным тренером Панджшера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Рустам Хоҷаев, ахиран аз мақоми сармураббигии бошгоҳи "Хуҷанд" истеъфо дод. Ин нахустин истеъфои мураббиён дар мавсими нави футбол аст.
Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро тасмим гирифт, тарки даста кунад.
Номбурда гуфт, барои худаш чунин хулоса баровард, ки истеъфо диҳад, зеро вазъияти даста вазнин нагашта, ягон мураббии дигар онро ба сатҳи баландтар бардорад.
"Чунин вазъияте аст, ки ман биравам, шояд хубтар шавад. Мураббии дигар биёяд, бозигарон шояд дигар шаванд, муносибаташон тағйир ёбад ва сатҳи даста боз баландтар гардад", - таъкид кард Хоҷаев.
Мураббӣ таъкид кард, истеъфояш ба бозии ахири даста, ки аз ССКА-и Душанбе шикаст (1:2) хӯрд, рабт надорад ва дар умум мехост аз кор дар ин тим биравад.
"Дар умум барои худам, барои беҳбудии даста хулоса баровардам, ки биравам", - зикр кард мавсуф.
Хоҷаев дар мавриди навиштаи иддае аз мухлисон ва афроди наздик ба даста, ки махсусан легионерон хуб ҳунарнамоӣ намекунанд ва ё нофахмиҳо доранд миёнашон, гуфт, шояд чунин ҳам буд ва ё мо ҷое нодуруст кор кардем, бинобар ин дар даста навгонӣ кардан лозим аст.
Номбурда гуфт, дар даста низ хостанд, ки бимонад, аммо тасмими ниҳоияш ин аст, ки биравад. То кунун раҳбари вилояти Суғд аризаи истеъфоияшро имзо накардааст.
Ӯ ҳамзамон гуфт, ки аз ягон дастае пешниҳоди кор дарёфт накардааст.
Омодагии дастаро Хоҷаев дар ҳоли ҳозир хуб арзёбӣ кард ва гуфт, ки шароит фароҳам шудааст.
Шоҳрух Қирғизбоев - дарвозабони тими Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Аз майдони футбол ба бинои комиссариат: ба дарвозабони тими “Хуҷанд” чӣ ҳодиса рух дод?
Ёдовар мешавем, Рустам Хоҷаев ба "Хуҷанд" моҳи январи 2021 омада буд.
Рустам Хоҷаев аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра гирифт.
Дар мавсими 2020 Хоҷаев ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтанаш иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд ва бо рафтани ӯ ба раҳбарии даста баромад.
Ӯ 49 сол дошта, солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0