Миллатгароҳо қасди ҷони Киселёв ва Симонянро доштаанд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный директор МИА "Россия сегодня" Дмитрий Киселев
Генеральный директор МИА Россия сегодня Дмитрий Киселев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хадамоти федералии амнияти Русия навори бозпурсӣ ва шоҳидии боздоштшудаҳои муттаҳам дар суиқасд ба ҷони рӯзноманигоронро нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Миллатгароҳои боздоштшуда мегӯянд, қасди ҷони Дмитрий Киселёв, мудири кулли ОИБ "Россия сегодня" ва Маргарита Симонян, сармуҳаррири хабаргузорӣ ва телевизиони RT-ро доштаанд.
Ин нуктаро боздоштшудаҳо дар навори бозпурсӣ изҳор доштаанд, ки аз ҷониби Хадамоти федералии амнияти Русия нашр шудааст.
"Куштори одамоне баррасӣ мешуд, ки ба пропаганда машғуланд, аз ҷумла Соловёв, Киселёв, Скабаева, Попов, Кеосян, Симонян", - гуфт яке аз боздоштшудаҳо.
Ахиран ФСБ аз қасди боздоштшудаҳо барои куштори Владимир Соловёв хабар дода буд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки муттаҳамон қасд доштаанд, худрави рӯзноманигорро тарконанд.
Аз боздоштшудаҳо 6 узви созмони террористии миллатгарои мамнуъ дар Русия, "Cотсиализми миллӣ/Нерӯи сафед"* ном бурда мешавад.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Путин аз фармоишгарони қасди ҷони журналист гуфт: дар майдони хабарӣ ҳам шикаст хӯрдаанд
Мақомот мегӯянд, зимни бозҷӯӣ аз боздоштушдаҳо чор дастгоҳи таркандаи монанд ба "коктейли Молотов", 6 таппончаи ПМ, норинҷаки дастии навъи РГД-5, беш аз ҳазор тири қутрашон гуногун, шиносномаҳои тақаллубии украинӣ, адабиёти миллатгароёна мусодира шуд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ахиран рӯй ба қасди куштор овардани рӯзноманигоронро далели шикаст дар майдони хабарӣ хонд.
"Дар майдони хабарӣ низ мағлуб шудаанд. Бо истифода аз мавқеи монополистӣ дар қалами кишвари худу бархеи дигар ба фиреби шаҳрвандон машғуланд. Аммо чун дар Русия ноком шуданд, рӯ ба террор оварданд, ба қасди куштори рӯзноманигонамон", - афзуд ӯ.
Худи Соловёв дар шарҳи хабарҳо аз тарҳи сӯиқасд ба ҷонаш изҳор дошт, ки фикр мекунад, дар ин қазия раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский даст дорад, чун борҳо ошкоро ба ӯ таҳдид кардааст.
*-созмони террористии мамнуъ дар Русия
Лентаи хабарҳо
0