Митинг дар Бишкек: мардум озодии Отамбоев ва ҳабси Жээнбековро талаб доранд - видео

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Киргизии Сооронбай Жээнбеков
Президент Киргизии Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Додгоҳи ноҳияи Первомайски шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии парвандаи марбут ба ҳодисаи моҳи октбярро баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар назди бинои Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек гирдиҳамоии ҷонибдорони раисҷумҳури пешин Алмосбек Отамбоев ҷараён дорад.
Онҳо талаб доранд, ки Отамбоев озод ва президенти собиқ Сооронбой Жеенбеков зиндонӣ шавад.
Маврид ба зикр кард аст, ки субҳи 25 апрел дар додгоҳи Первомайский муҳокимаи парвандаи ҳодисаҳои октябри соли 2020 идома дорад.
Фарид Ниёзов, раиси собиқи Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қирғизистон ба толори додгоҳ оварда шуд. Президенти асбақ Алмосбек Отамбоев, ки низ дар ҳодисаҳои моҳи октябр муттаҳам дониста мешавад, ба додгоҳ оварда нашуд.
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Вазъи сиҳатии Отамбоев дар толори додгоҳ бад шуд: ӯро мошини ёрии таъҷилӣ бурд
Қаблан вазъи кишвардори пешини Қирғизистон дар толори додгоҳ нотоб шуд ва ӯро мошини ёрии таъҷилӣ бурда буд.
Ёдовар мешавем, ки додгоҳи шаҳри Бишкек Отамбоевро ба 11 соли зиндон маҳкум карда буд. Ӯ моҳи августи соли гузашта, пас аз як задухӯрди шадиди миёни ҷонибдорони ӯ ва низомиёни дастаи таъиноти махсуси Қирғизистон дастгир шуд.
Дар пайи ноамниҳои ахир, ки дар робита ба интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон сурат гирифтанд, ҷонибдоронаш ӯро аз бинои КДАМ озод карданд, вале баъди чанде сиёсатмадорро боз боздошт ва равонаи зиндон карданд.
Лентаи хабарҳо
0