"Обу лой" шудани қариб 4 млн сомонӣ дар Суғд: мақомот гуфтанд, пул куҷо рафт

© Sputnik Таджикские сомони в кошельке
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарраёсати молияи вилояти Суғд истифодаи ғайримақсадноки қариб чаҳор миллион сомониро ошкор кардааст, ки берун аз барнома масраф шудаанд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Мақомоти молияи Суғд хароҷоти пули буҷа дар 102 ташкилоту муассисаро санҷида, истифодаи ғайримақсадноки 3 миллиону 956,8 ҳазор сомониро ошкор кардаанд.
Ба иттилои Сарраёсати молияи ҳукумати вилоят, аз ин маблағ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 705,2 ҳазор сомонӣ ошкор гардид.
Камбуд ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ба маблағи 558,9 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 2,4 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 71,3 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шуд.
"Талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 2 миллиону 472,1 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 146,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Мақомот таъкид намудаанд, ки аз зарари молии ошкоршуда 1364,8 ҳазор сомонӣ ва ё 34,5 фоиз барқарор шудааст. Пули барқароршуда 3 млну 553 ҳазор сомонӣ ба буҷа ва 388,2 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳо рост меояд.
Новое здание Министерства финансов Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Даромади буҷаи Тоҷикистон аз нақша бештар шуд
Инчунин зикр гардид, ки дар ҷараёни аудиту таҳлилҳо камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 166,6 ҳазор сомонӣ ошкор ва пурра барқарор карда шуд.
Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ 38 маводи аудитӣ, бо маблағи умумии зарар дар ҳаҷми 3780,9 ҳазор сомонӣ, ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0