Раҳмон президенти тозаинтихоби Фаронсаро ба Тоҷикистон даъват кард

© AFP 2022 / DOMINIQUE FAGETПрезидент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба президенти тозаинтихоби Фаронса ҳавасмандияшро барои густаришу тавсеаи бештари ҳамкориҳо баён доштааст
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Эммануэл Макронро бо интихоби дигарборааш ба мақоми президентӣ дар Фаронса шодбош гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати интихоби муҷаддад ба мақоми президентӣ барои Макрон дар корҳои минбаъдааш муваффақият таманно кардааст.
"Бо ибрози беҳтарин таманниёти хеш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъулиятатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам", - омадааст дар иттилоия.
Раҳмон аз сатҳи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандияшро барои густаришу тавсеаи бештару ҳамаҷонибаи онҳо баён кардааст.
Президент Эммануил Макрон (справа) и президент России Владимир Путин машут в Елисейском дворце в понедельник, 9 декабря 2019 года в Париже - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Путин Макронро бо пирӯзияш дар интихобот шодбош гуфт
Ӯ изҳори бовар кардаст, ки бо талоши муштарак, аз ҷумла тавассути идомаи муколамаи сатҳи олӣ равобити кишварҳо ба манфиатҳои аслии мардуми ҳар ду ҷониб рушд хоҳанд ёфт.
Дар охири паём Эмомалӣ Раҳмон, Эммануэл Макронро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.
Интихоботи президентӣ дар Фаронса 24 апрел баргузор шуда, дар пайи ороъшумории комил Макрон бо соҳиб шудан ба 58,55% овозҳо пирӯз шудааст.
Марин Ле Пен, раҳбари Ҳизби иттиҳоди ииллӣ, рақиби аслии Макрон 41,45%-и ороъро соҳиб гардидаст. Ле Пен аллакай шикасташро дар интихобот эътироф карда, изҳор доштааст, ки барои ҳаракати онҳо он теъдоди овозҳои гирифтааш аллакай пирӯзӣ аст.
Макрон бори аввал соли 2017, дар синни 39-солагӣ ба курсии президентӣ нишаст ва ҷавонтарин раҳбари Фаронса дар таърих, ҳамчунин аввалин номзади пирӯз аз тариқи худпешбарӣ шинохта шуд.
Лентаи хабарҳо
0