Аз раъду барқ то меғу борон: дамои ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевДождливый день, архивное фото
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар қисмати шимолӣ ва навоҳии тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои ноустуворро пешгӯӣ мекунанд. Дар ин манотиқ дар назар аст, ки борону раъду барқ шавад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ҳавои қисман абрнок ва асосан бебориш фаро хоҳад гирифт, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд ва шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Прохожие гуляют по скверу под зонтами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Пешгӯии ҳавои рӯзҳои охири апрел ва аввали май дар Тоҷикистон
Вилояти Хатлонро бошад, ҳавои тағйирёбандаи бебориш мунтазир аст.
Гармо шабона ба 12+17, рӯзона 23+28 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо шабона 8+13, рӯзона 17+22 дараҷа мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Раъду барқ ба амал омада, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Ш
Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо ҳавои қисман абрноку бебориш фаро гирифта, шабона 11+13 ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0