Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Сенатори рус: Талоши Киев барои пайвастан ба НАТО музокироти сулҳро ғайримкон месозад

© Sputnik / Нина Зотина / Гузаштан ба хазинаи аксЧлен Совета Федерации Федерального Собрания РФ, член Комитета по международным делам Сергей Цеков
Член Совета Федерации Федерального Собрания РФ, член Комитета по международным делам Сергей Цеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Як сенатори Шӯрои Федератсияи Русия бар он аст, ки талоши Киев барои пайвастан ба НАТО музокироти сулҳро ғайриимкон месозад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сергей Тсеков, сенатор аз минтақаи Қрим, узви Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсия гуфт, даст накашидани мақомоти Киев аз иқдоми пайвастшавӣ ба НАТО мунҷар ба қатъи музокирот хоҳад шуд.
Қаблан Руслан Стефанчук, раиси парлумони Украина (Рада) гуфта буд, ки Украина бандҳои мавҷуд дар Қонуни Асосӣ дар бораи талоши пайвастан ба НАТО-ро тағйир намедиҳад.
"Чунин изҳорот ба раванди музокирот халал мерасонад. Акнун мо аз нақшаву ва ниятҳои воқеии режими Киев огаҳӣ гирифтем. Хуб аст, ки онҳо дар Киев ҳақиқатро гуфтанд. Ман пештар ҳам шак доштам, ки онҳо аз пайвастан ба НАТО даст мекашанду ба низозудоӣ ва ғайринизомисозӣ оғоз мекунанд", - гуфт Тсеков ба РИА "Новости".
Заседание Верховной рады Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Стефанчук: Украина аз талошаш барои узвият ба НАТО даст намекашад
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ бояд то охир амалӣ шаванд.
"Чунин ба назар мерасад, ки ягона роҳи расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижа таслими Украина аст", - таъкид кард сенатори рус.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Флаг ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Муовини вазири пешини Итолиё: Вазъи Украина боиси заифшавии Аврупо мешавад
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0