Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

СММ: Беш аз 5 миллион украинӣ ба кишварҳои дигар паноҳ бурданд

Жители Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Созмони Милали Муттаҳид ахиран эълом кардааст, ки аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина тақрибан 5 миллиону 200 ҳазор нафар ба кишварҳои хориҷ паноҳ бурдаанд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Комиссари олии паноҳандагони СММ қайд кардааст, аз замони оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, ки 24 феврал оғоз ёфт, то кунун ҳудуди панҷ миллион украинӣ ин кишварро тарк карда ва умдатан дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд.
Масъулини СММ мегӯяд, дар моҳи апрел як миллиону 151 ҳазор нафар аз Украина ба кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд.
Ҳамзамон СММ қайд кардааст, ки дар моҳи март ҳудуди 3 миллиону 400 ҳазор нафар аз марзҳои ин кишвар хориҷ ва ба кишварҳои дигар паноҳанда шуда буданд.
Гуфта мешавад, ки аксари оворагон аз Украина дар Лаҳистон паноҳгоҳ ёфтаанд.
Люди покидают Мариуполь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
СММ наметавонад наслкушӣ дар Украинаро тасдиқ намояд
Ҳамчунин СММ эълом кардааст, ки беш аз 7,7 миллион украинӣ дар дохили ин кишвар овора шудаанд.
Бо гузашти ду моҳ аз оғози ҷанги Украина ва шиддат гирифтани вайронӣ дар ин кишвар раванди фирори мардум ба манотиқи марзӣ ва кишварҳои аврупоӣ идома дорад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Здание ООН в Нью-Йорке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Русия СММ-ро аз иғвоҳои омоданамудаи Киев дар Украина хабардор кард
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0