Стефанчук: Украина аз талошаш барои узвият ба НАТО даст намекашад

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание Верховной рады Украины
Заседание Верховной рады Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси парлумони Украина ахиран эълон кардааст, ки ин Киев аз сарқонунаш банди талоши ин кишвар барои узвият дар НАТО-ро лағв нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Руслан Стефанчук, раиси Рада (парлумон)-и Украина гуфт, кишвараш бандҳои марбути пайвастани ин кишвар ба НАТО-ро тағйир нахоҳад дод.
Моҳи март раиси парлумони Украина дар барномаи шабакаи телевизионии Украина "1+1" изҳор дошт, ки имкон дорад, дар Конситутсияи ин кишвар дар робита ба пайвастани кишвар ба НАТО тағйирот ворид карда шавад.
Стефанчук дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Украинская правда" дар посух ба суол дар бораи он ки оё Украина банди талош барои пайвастан ба НАТО-ро аз Қонуни Асосӣ хориҷ мекунад ё на, гуфт: "Мо намехоҳем. Тағйир додани Конститутсия мақсади мо нест ва нахоҳад буд".
Флаг ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Муовини вазири пешини Итолиё: Вазъи Украина боиси заифшавии Аврупо мешавад
Қаблан Владимир Мединский, раҳбари ҳайати Русия дар музокирот бо Киев гуфта буд, ки Украина аслан ба талаботи Русия дар бораи пайваст нашудан ба НАТО ва даст кашидан аз истиқрори пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар қаламрави кишвар розигӣ додааст.
Парлумони Украина моҳи декабри соли 2014 ба ду қонун тағйирот ворид кард ва аз мақоми ғайриблокии давлат даст кашид.
Моҳи феврали соли 2019 парлумони Украина ислоҳот ба Конститутсияро қабул кард, ки роҳи ин кишварро барои пайвастан ба ИА ва НАТО-ро муайян мекунад. Украина шашумин кишваре аст, ки мақоми шарик бо имкониятҳои васеи НАТО-ро гирифтааст.
Владимир Зеленский рӯзи 15 март гуфт, вақти он расидааст, ки Киев бояд эътироф намояд, ки Украина ҳеҷ гоҳ узви НАТО нахоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0