Тазоҳурот дар Фаронса баъд аз эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шаҳрҳои Фаронса баъд аз эълони натоиҷи пешакии интихоботи раёсатҷумҳурӣ тазоҳуроти густарда оғоз шуд. Ҳазорҳо нафар ба кӯчаҳои Фаронса рехтанд
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Фаронса, пас аз ҳисоби 71 дарсади ороъ раҳбари феълӣ Эммануэл Макрон дар даври дувуми интихоботи президентӣ, 53,91 дарсад раъй ба даст овардааст. Марин Ле Пен бошад, 46,09 дарсад раъй ба даст овардааст.
Хабаргузории РИА "Новости" аз Порис дар бораи задухӯрди ҷавонон бо пулис хабар медиҳад.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ тамоми даромадгоҳҳои майдонро муҳосира карданд. Инчунин ба ин эътирозҳо нафароне аз аъзои ҳаракати сиёҳ ҳамроҳ шуданд, ки онҳо ба ташкили иғвогарӣ ва бетартибиҳо машҳуранд.
Путин Макронро бо пирӯзияш дар интихобот шодбош гуфт
Онҳо ба сӯйи афсарони пулис шиша ва дигар ашё партофтанд. Мақомоти интизомӣ бо гази ашковар посух доданд.
Ба иттилои шабакаи телевизионии "France 3", тақрибан 400 нафар дар кӯчаи Тулуза ҷамъ омадаанд. Эътирозгарон шиори бузурге бардоштаанд, ки дар он навишта шудааст: "На Макрон ва на Ле Пен." Онҳо ҳам Ле Пен ва ҳам Макронро қабул надоранд ва интихоботро "ғайриқонунӣ" мехонанд.
Раҳмон президенти тозаинтихоби Фаронсаро ба Тоҷикистон даъват кард
Ин шабака ҳамчунин дар бораи тазоҳуроте дар Нант хабар додааст, ки дар он мардум алайҳи интихоби дубораи Макрон эътироз доранд.
Президенти Фаронса ба муддати панҷ сол интихоб мешавад. Дар овоздиҳӣ ҳудуди 49 миллион нафар шаҳрванд ширкат карданд. Даври аввали он рӯзи 10 апрел баргузор шуда, дар он 12 номзад ширкат карданд.
Макрон ва Ле Пен ба даври дуюм баромаданд. Дар даври аввал раисҷумҳури феълӣ 27,84 дарсад, Марин Ле Пен 23,15 дарсади ороъро ба даст овардаанд. Раиси Додгоҳи конститутсионии Фаронса рӯзи 27 апрел натоиҷи овоздиҳиро расман эълон хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0