Володин: Агар Русия мисли ИМА ҷанги васеъмиқёс мекард, ҳама чиз барвақт ба охир мерасид

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Думаи давлатии Русия суханони кишвардори Украина дар бораи ҷанги бесобиқа дар Украинаро шарҳ дод. Ӯ гуфт, Русия ба мисли ИМА ҷанг намекунад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия зимни шарҳи суханони раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар бораи ҷанги гӯё бесобиқа дар Украина гуфт, "агар Русия дар Украина ҷанги васеъмиқёс мекард, он кайҳо хотима меёфт".
Ба гуфтаи ӯ, Русия дар қаламрави Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад ва ҳамзамон кӯшиш мекунад, ки мардуми осоишта талафот набинанд.
"Агар Русия ҷанги васеъмиқёс мекард, ҳама чиз кайҳо ба охир мерасид. Агар мо тактикаи ҷангӣ ба Иёлоти Муттаҳида шиносро истифода мебурдем, шаҳрҳоро бомбарон карда, танҳо заминҳои сӯхтаро ба мисли Югославия, Либия, Ироқ ва Сурия боқӣ мегузоштем", - қайд намуд раиси Думаи давлатӣ.
Вай таъкид намуд, ки сарбозон ва афсарони рус "намекушанд, балки шаҳрвандони осоиштаро озод карда, ҷони худро қурбон мекунанд".
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Володин ба Зеленский муроҷиат кард ва чанд шарт гузошт
Хизматчиёни ҳарбии мо барои наҷот додани шаҳрвандони осоишта ҳама корро анҷом медиҳанд", - гуфт Володин.
Ба гуфтаи Володин, миллатгароён "дар шаҳрҳо, дар маҳаллаҳои серодами истиқоматӣ меҷанганд, ки дар паси "сипари инсонӣ" пинҳон мешаванд, занону кӯдаконро гаравгон мегиранд".
Зеленский дар бораи ҳама чиз хомӯш аст. Вай ба Вашингтон иҷозат дод, ки кишварро идора кунанд, дар ҳоле ки худаш танҳо кӯшиш мекунад, қудрати шахсии худро ҳифз кунад, на ҳаёти шаҳрвандони Украина, хулоса намуд дипломати рус.
Лентаи хабарҳо
0