Бозёфтҳои ғайричашмдошт дар пойгоҳи тарккардаи ҚМУ низомиёни русро ба ҳайрат овард - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати дифои Русия видеоҳо аз пойгоҳи тарккардаи низомиёни Украинаро намоиш дод: дар видео дида мешавда, ки дар пойгоҳ чӣ пинҳон аст
Артиши Русия пойгоҳи нигаҳдорӣ ва таъмири таҷҳизоти боқимондаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро таҳти назорат гирифт. Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод.
Дар видеое, ки ин идора нашр кардааст, дидан мумкин аст, ки дар ҳудуди як қисми низомии партофташуда чӣ мавҷуд аст.
Дар видео шумораи зиёди системаҳои дифои ҳавоӣ барои таъиноти гуногун, лавозимоти ҷангӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии стансияҳои радиолокатсионӣ дида мешавад.
Воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина ақибнишинӣ карда, лавозимоти ҷангӣ, техникаи эҳтиётӣ, аслиҳа ва ҳуҷҷатҳоро ин ҷо партофтанд.
Нерӯҳои Русия пойгоҳи нигоҳдорӣ бо техникаи низомии Украинаро гирифтанд - видео
Ба гуфтаи Владимир, раиси хадамоти мошинсозӣ, 100 адад техника дар ихтиёри артиши Русия буд. Дар байни онҳо "Тунгуска", "Шилка" ва ғайра аст.
Ёдовар мешавад, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Пушилин: Миллатгароён дар "Азовстал" мехоҳанд бо силоҳ ба Туркия истирдод шаванд
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0