Дар Тоҷикистон сохтмони манзил зиёд шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистон раванди сохтусозро суръат бахшидааст. Дар кишвар дар қиёс ба давраи мушобеҳи соли қаблӣ сохтмон беш аз 16 фисад афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар аввали соли ҷорӣ 250,4 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин бора хабаргузоии “Авесто” дар такя ба Оҷонсии омори кишвар хабар медиҳад.
Аммо ба гуфтаи ин ниҳод, ин рақам дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли 2021 16,7% .
Гуфта мешавад, бештари биноҳои истиқоматии сохташуда дар вилоятҳои Суғду Хатлон мутаносибан 86,1 ва 81,2 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳанд.
Сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар ҷумҳурӣ асосан аз ҳисоби бахши ғайридавлатӣ анҷом дода мешавад.
Ташкилотҳои пудратӣ дар муҳлати муайяншуда бо қувваи худ бештар аз 1,8 миллиард сомонӣ корҳоро ба ҷо оварданд. Ин назар ба як соли пеш 522,7 миллион сомонӣ зиёд аст.
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
"Се сол гузашту қарори ҳукумат иҷро намешавад": Нигаронии Юсуф Раҳмон аз сохтмонҳо
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Кодекси манзили нави кишварро имзо кардааст.
Маҷмуи нави қонунҳо асосҳои гирифтани манзил, истифода бурдани он, адои хидмати маишии аҳолӣ, нигоҳ доштани фонди манзили давлатиро танзим мекунанд.
Қайд карда шуд, ки мақсади асосии Кодекси манзили нав инкишоф додани сохтмони манзил дар кишвар мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон барои сохтмони манзил қариб 14,8 миллиард сомонӣ сарф шуда, дар масоҳати 1 миллиону 430 ҳазор метри мураббаъ амволи ғайриманқул бунёд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0