Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров: Русия ба фош кардани иғвоҳои минбаъда ба мисли Буча идома медиҳад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксВстреча главы МИД РФ С. Лаврова с председателем Ливанского христианского движения "Марода" С. Франжье
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова с председателем Ливанского христианского движения Марода С. Франжье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури хориҷии ФР гуфт, Русия ҳама гуна иттиҳомоти беасос алайҳи худро таҳаммул намекунад ва минбаъд низ ба ифшои иттилооти қалбакӣ идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия ба ифшои иғвоҳо, ки пас аз ҳодисаи Буча афзоиш меёбанд ва аз ҷумла дар атрофи "Азовстал" сурат мегиранд, идома медиҳад.

"Мо ба ифшои маълумоти бардурӯғ, ки ба дунболи ҳодисаи Буча бештар мешаванд, идома медиҳем. Ҳоло кӯшиш мекунанд, ки вазъ дар "Азовстал"-ро ҳамчун ҳолати ташкилнамудаи Русия муаррифӣ кунанд", - таъкид намуд дипломати рус дар "Шабакаи аввал".

Лавров тавзеҳ дод, ки ҷониби Украина мардуми осоиштаро на танҳо дар Мариупол, балки дар дигар минтақаҳои кишвар, ки амалиёти ҷангӣ ҷараён дорад, ҳамчун "сипари зинда" истифода мекунанд.
Онҳо ё мардуми осоиштаро хабардор намекунанд ва ё монеи баромадани онҳо мешаванд, - мегӯяд ӯ.
Глава МИД РФ С. Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Лавров дар бораи хатари оғози Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гуфт
"Онҳое, ки тавонистанд мустақилона берун раванд, мегӯянд, ки бархӯрди низомиёни гурӯҳи "Азов" (дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст) ва мақомоти дигари минтақаӣ бо онҳо чӣ гуна аст", - афзуд вазир.
Ёдрас мекунем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0