Носир Бозор сармураббии мунтахаби ҷудои бонувони Тоҷикистон шуд

© Дафтари матбуотии ФҶТНосир Бозор сармураббии мунтахаби ҷудои бонувони Тоҷикистон таъйин гардид
Носир Бозор сармураббии мунтахаби ҷудои бонувони Тоҷикистон таъйин гардид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон барои омода кардани кардани тими мунтахаби кишвар ду мураббиро интихоб карданд. Ҳамакнун мардон ва занонро мураббиёни алоҳида тамрин медиҳанд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Носир Бозор, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои бонувони кишвар таъйин шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, то кунун Муҳаммадмурод Абдураҳмонов сармураббии мунтахаби кишвар буда, аз ин пас ӯ сармураббии тими мардон ва Носир Бозор сармураббии бонувон хоҳад буд.
Гуфта мешавад, ин қарор зимни як конфронс бо ҳузури роҳбарияти Федератсияи ҷудои кишвар, намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ, масъулин аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва ҷудокорони кишвар қабул карда шуд.
Варзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 кумаки молӣ мегиранд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Талош барои роҳхатҳои олимпиадаи Париж-2024: варзишгаронти тоҷик кумаки молӣ мегиранд
Таъкид шудааст, ки таъйини Носир Бозор бо пешниҳоди президенти Федератсияи ҷудои кишвар Нурулло Лоиқов сурат гирифтааст.

"Носир Бозор ин вазифаи муҳимро бар дӯш гирифта, қайд намуд, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷудои бонувон ибтидо корро дар навоҳии кишвар бояд ҷоннок намуд", - афзуд манбаъ.

Носир Бозор 65 сол дошта, хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кулоб ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад.
Номбурда устоди варзиши дараҷаи байнанмилалӣ аз намуди куштии самбо ва ҷудо, дорандаи литсензияи дараҷаи байналмилалии "А", Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ӯ ҳамчунин президенти Федератсияи кураши Тоҷикистон ва сармураббии тими мунтахаби самбои кишвар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0